Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодиса

Қатли бонкдори тоҷик. Эълони ҳукми Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш

Акси Дилшод Саидмуродов, Бахтовар Сафаров ва Акбар Аҳмадов
Акси Дилшод Саидмуродов, Бахтовар Сафаров ва Акбар Аҳмадов

Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ касро барои рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк” ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳукм рӯзи 18-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе содир шудааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо гуфт ҷузъиёти онро дертар ироа мекунад.

Ду манбаи аз ҳам ҷудо рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас

  • Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ);
  • Қамар Азизов;
  • Акбар Аҳмадов;
  • Бахтовар Сафаров ва
  • Шоҳрух Хӯҷаевро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, амволи баъзе аз онҳо, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов мусодира мешаванд. Пайвандони Саидмуродов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ норозианд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, нуҳ каси дигар бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла хабар надодан дар бораи ҷиноят аз 1 то 8 сол зиндонӣ шудаанд.

Муҳокимаи муттаҳамон дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев дар аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиаҳо дар Боздоштгоҳи муваққатӣ гузаштанд ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил буд.

Шӯҳрат Исматуллоев
Шӯҳрат Исматуллоев

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев ба зидди 18 кас парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Ба иттилои расмӣ Шӯҳрат Исматуллоевро 23-юми июни соли 2023 аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд. Ҷасадашро 13-уми август аз дарёи Зарафшон ёфта, дар Душанбе дафн карданд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ 15-уми феврал гуфт, ангезаи ин ҳодиса пул аст.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд.

Ин қазия ба сабаби наздикии Шӯҳрат Исматуллоев бо хонаводаи президент шубҳаву гумон ва фарзияҳои зиёдеро ба миён овард, вале молики "Ориёнбонк" расман ҳеч гуна шарҳ ё раддияе нашр накардааст.

"Таслим намешавам." Ҳамла ба яке аз ёрони Навалний дар Литва

Леонид Волков. Акс аз соли 2021
Леонид Волков. Акс аз соли 2021

Ба Леонид Волков, яке аз ёрони сиёсатмадори мухолифи Русия Алексей Навалний (моҳи феврал дар шароити мармуз дар зиндон фавтид) дар Вилнюс, пойтахти Литва, ҳамла шудааст.

Мақомоти амниятии Литва рӯзи 13-уми март ҳамларо “иғвогарона” ва “эҳтимол” кори дасти Маскав донистанд, то ба ин восита мухолифону мунтақидони президент Владимир Путинро дар хориҷа ва бахусус кишварҳои Балтика битарсонанд.

Ҳамла ба Леонид Волков шоми 12-уми март иттифоқ уфтодааст. Ӯро бо путк ё болға задаву дасташро шикастаанд ва осебҳои дигар расондаанд.

Президенти Литва Гитанас Науседа гуфт, рӯшан аст, ки ҳамла тарҳрезишуда буд. "Ман ба Путин танҳо як чиз мегӯям: дар ин ҷо касе аз Шумо наметарсад," – афзуд ӯ ҳангоми шарҳи ҳодиса.

Леонид Волков пас аз ҳодиса
Леонид Волков пас аз ҳодиса

Леонид Волков, раиси пешини ситоди Алексей Навалний ва раиси собиқи Бунёди мубориза бо фасоди ӯ аз соли 2019 дар Литва кору зиндагӣ мекунад. Вай чанд соат пеш аз ҳамла ба расонаи мустақили “Meduza” гуфта буд, ки пас аз эълони марги Навалний дар шароити шубҳаовар аз амнияти худ бештар нигарон аст.

Бо вуҷуди ин, Волков ваъда дод, ки ба мубориза ба зидди Путин идома хоҳад дод. Ӯ баъд аз ҳамла ва баромадан аз бемористон низ дар наворе дар Telegram гуфт: "Ман ба корам идома медиҳам ва таслим намешавам".

"Онҳо мехостанд маро ба гӯштпора табдил диҳанд. Марде дар рӯйи ҳавлии хонаам ба ман ҳамла кард. 15 бор ба поям зад, аммо он солим аст. Ҳангоми роҳ гаштан дард дорад, вале мегӯянд, нашикастааст. Ӯ дастамро шикаст", - гуфт Волков ва илова кард, ки ин “як паёми возеҳ ва хоси Путин аст".

Хабаргузории “Meduza” аз қавли рӯзноманигор Сергей Пархоменко навиштааст, Леонид Волков дар як маҳаллаи хурде дар канори Вилнюс мезист. Пулис роҳро ба ҷойи ҳодиса баста, ба таҳқиқ идома медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Литва дар шабакаи “X” навишт, ки "гунаҳкорон бояд барои ҷинояти кардаашон ҷавоб диҳанд." Раиси Кумитаи умури хориҷӣ дар порлумони Литва гуфт, ҳамла ба Волков баёнгари он аст, ки Литва бояд аз сиёсатмадорон ва мухолифони Русия ва Беларус, ки муқими ин кишвар ҳастанд, пуштибонӣ кунад ва амнияти онҳоро таъмин намояд.

Ҳамларо ба яке мухолифони ҳукумати Русия дар Литва таҳқиқ мекунанд
Ҳамларо ба яке мухолифони ҳукумати Русия дар Литва таҳқиқ мекунанд

Вакил ва вазири пешини Литва Гидриус Сурплис гуфт, Путин "танҳо ёдрас кард, ки дасти дароз дорад ва ҳатто Литва, ки ба паноҳгоҳи мухолифони Русия ва Беларус табдил шудааст, амн нест."

"Ҳамла ба интихоботи наздики президентӣ дар Русия пайванд дорад. Путин дар онҷо бо куштани Навалний дар зиндон қудраташро нишон дод ва ҳоло онро дар хориҷа ба намоиш гузошт," – афзуд ӯ.

Дар бораи ҳамла аввал Кира Ярмиш, сухангӯйи собиқи Алексей Навалний ва дабири Бунёди мубориза бо фасоди ӯ (ФБК) хабар дод. Вай дар шабакаи “Х” навишт, ки як шахси ношинос тирезаи мошинаи Волковро шикаста, пеш аз зарба задан бо путк ба чашмонаш гази ашковар пошидааст.

навшуда

Сафияхони 9-соларо аз Узбекистон оварда дафн карданд

Маросими дафни Сафияхон Раҳматова
Маросими дафни Сафияхон Раҳматова

Баъд аз 34 рӯз пайкари Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо аз ҳудуди Узбекистон ёфтанд ва 13-уми март дар яке аз қабристонҳои Хуҷанд дафн карданд.

Хонаводааш бар асоси як навори дурбини назоратӣ бовар доштанд, ки ӯ дар дарёи Сир ғарқ шуда буд ва ҷустуҷӯяш беш аз як моҳ идома дошт.

Имомхатиб Абдуҳафиз Аҳадов ҳангоми дафни ӯ гуфт: “Аз рӯзе, ки мусибат ба сари ин хонадон омад, аз дӯстону пайвандону аҳли маҳалла дар паҳлӯи Саидаъзамхон истоданд. Бисёр талош карданд, шабу рӯз заҳмат кашиданд, то ба Узбекистон рафта, дар кофтукобаш бетараф набуданд.”

Маросими дафни Сафияхон Раҳматова
Маросими дафни Сафияхон Раҳматова

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 13-уми март дар эъломияе гуфт, маъмурони наҷоти Узбекистон ҷасади Сафияхонро “дар соҳили канали Мирзочӯли Ҷанубӣ” ёфтаанд. Ин канал аз ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарё мегузарад.

Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфтанд, даҳ рӯз пеш ба унвонии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Узбекистон нома фиристода буданд, то дар ёфтани ҷасади навраси тоҷик мадад кунанд.

Рӯзи пайдо гардидани наврас пайвандонаш дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ӯро аз либосаш шинохтаанд. Аммо дар рӯзи дафн омода нашуданд, дар назди дурбин сӯҳбат кунанд.

Маросими дафни Сафияхон Раҳматова
Маросими дафни Сафияхон Раҳматова

Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол нопадид шуд. Сабти дурбинҳои назоратӣ бори охир ӯро дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон дод. Дар ин кӯча ҳавлии Раҳматовҳо ҷойгир аст ва дар рӯбарӯи он дарёи Сир мегузарад.

Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон, аз аввал ба ин бовар буд, ки духтараш ғарқ шудааст. Бо дархости ӯ ҷустуҷӯро дар дарёи Сир идома доданд, вале маъмурони наҷот ҳар дафъа мегуфтанд, ки нишоне аз ӯ наёфтанд. Дар ин байн акс ва хабари гум шудани духтарчаи нуҳсола дар шабакаҳои иҷтимоӣ дареғ ва ғамшарикии ҳазорон нафарро ба миён оварда буд.

Ғарқ шудани сокинон дар дарёи Сир ё Сайҳун ҳодисаи нав нест. Танҳо дар соли 2023 панҷоҳу панҷ мавриди ғарқшавӣ сабт шудааст. Дар ин миён 19 нафар ноболиғ будаанд. Ҳанӯз чор ҷасад пайдо нашудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Пайкари Сафияхонро дар Хуҷанд дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Як сокини Душанбе мегӯяд, ӯро "заданд" ва "ахта" карданд. Баҳси қарз ё осеби равонӣ?

Даъвогар Идибек Нусратов (чап) ва ҳамсояи ӯ Раҳмоналӣ Фахриддинов (рост)
Даъвогар Идибек Нусратов (чап) ва ҳамсояи ӯ Раҳмоналӣ Фахриддинов (рост)

Идибек Нусратов, сокини шаҳри Душанбе, даъво дорад, ки аз тарафи ду ҳамсояи ҷавонаш латукӯб ва шиканҷа шуд, аммо маъмурони милиса шикояти ӯро нодида мегиранд. Ҳодиса ҳафт моҳ пеш рӯй додааст. Нозири маҳаллӣ шикоятро беасос донист. "Агар ҷиддӣ таҳқиқ мешуд, ҳама чиз ошкор мешуд," -- гуфт Идибек.

Идибек Нусратови 35-сола рӯзи 7-уми март дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз он ки мақомот шикояташро ҷиддӣ нагирифтанд, мехоҳад ҳодисаро ба матбуот нақл кунад. Ҳарчанд, ба гуфтааш, ифшои ин роз осон нест.

"Ба ду ҳамсояи ҷавонам қарз дода будам. Онҳо маро ба суҳбат даъват карданд. Фикр кардам, пулро бармегардонанд, аммо заданд ва телефонамро гирифтанд. Даҳону дасту поямро бастанду заданд. Маъюбам карданд," – нақл кард ӯ.

Идибек Нусратов
Идибек Нусратов

Вай мегӯяд, дар натиҷаи латукӯб узви таносулаш осеб дид ва ба ин сабаб пизишкон моядонашро ҷарроҳӣ кардаанд: "Як муддат дар хона муолиҷа гирифтам, фикр кардам, ки беҳ мешавад, аммо нашуд. Ҳамроҳи модарам ба бемористони Қарияи Боло рафтем. Пизишкон диданд. Гуфтам, изи сигарет ҳаст, милисаро даъват кунед. Накарданд."

Идибек Нусратов мегӯяд, барои он латукӯб шуд, ки қарзи додаашро аз ду ҳамсояи ҷавонаш талаб кард. Ба қавли ӯ, ба онҳо 20 ҳазор рубли русӣ дод ва то ҳоло онро пас гирифта наметавонад.

Тарафи дигари қазия инро рад кард. Раҳмоналӣ Фахриддинов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 7-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гапҳои Идибек нисбат ба ӯ "беасос аст".

Раҳмоналӣ Фахриддинов
Раҳмоналӣ Фахриддинов

"Ягон бор аз ӯ қарз нагирифтам. Ин масъаларо дар назди мардум исбот карда натавонист. Кадоме ӯро задааст, ба гардани мо зад. Ариза навишт, ба шуъбаи корҳои дохилӣ рафтем, онҷо ҳам исбот карда натавонист. Ягон бор ҳамроҳи ин одам на ҷанг кардем, на даст бардоштем. Туҳмат мекунад. Мехоҳам мақомот барои ин туҳматҳояш нисбат ба ӯ чора андешанд," – гуфт ӯ.

Идибек ва Раҳмоналӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт зиндагӣ мекунанд. Милисаи маҳаллӣ гуфт, аз шикояти Идибек Нусратов хабар дорад ва “ҳангоми таҳқиқ исботи худро наёфт”. Нозир дақиқ посух надод, ки ҷароҳати бадани даъвогар аз куҷост, аммо дар суҳбати бидуни сабт таъкид кард, ки "вазъи рӯҳиву равонияш чандон хуб нест".

Пизишкони бемористони Қарияи Боло гуфтанд, асаби мард "каме хароб шудааст", вале аз лиҳози равонӣ "мушкили ҷиддӣ надорад".

Дар беморхона таъкид намуданд, ки Идибекро бо шикояти латукӯб ва осеб дидани моядон қабул карда, табобат кардаанд. Ба гуфтаи пизишкон, "шикояти ӯ дар мавриди олоти таносулаш ба асаб рабт дошта, ӯ набояд худро дар ҳолати афсурдагии зиёд қарор диҳад".

Идибек Нусратов ба ин хулосаи табибон розӣ нест ва пофишорӣ дорад, ки латукӯб ва осеби дидааш ӯро ба чунин ҳол расондааст. Ин сокини Душанбе дар мавриди латукӯб шудан хулосаи пизишкӣ надорад, зеро ба гуфтааш, "он шабу рӯз вазъи саломатӣ хуб набуд ва дар манзил табобат мегирифтам".

Вай соҳиби се фарзанд аст ва ҳоло дар ҷое кор намекунад. Дар гузашта дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Ҳоло аз вазъи саломаташ нигарон аст ва мехоҳад латукӯби ӯ мунсифона таҳқиқ шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Идибек мегӯяд, ба шикояташ эътибор намедиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Наздиконаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон дар Узбекистон "ёфт шудааст"

Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол бенишон шуд
Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол бенишон шуд

Пайвандонаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола аз Хуҷанд, ки ба бовари онҳо дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, дар ҳудуди Узбекистон ёфт шудааст. Дар Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд.

Муяссар Раҳматова, бибии Сафияхон, шоми 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо хабар расид, ки ҷасади духтарашонро ёфтаанд, вале ҳанӯз пайкар шиносоӣ нашудааст. Алҳол либосҳо далели тахмин задани он шудаанд, ки он Сафияхон аст.

"Аз либосаш шинохтаанд ва ӯ дар панҷараи обанбор дармонда будааст. Падараш ва наздикони дигар барои гирифтани ҷасад ба Узбекистон рафтанд. Бояд фардо ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба Тоҷикистон биёранд," – гуфт ӯ.

Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфтанд, даҳ рӯз пеш ба унвонии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Узбекистон нома фиристода буданд, то дар ёфтани ҷасади навраси тоҷик мадад кунанд. Аз ин бештар ҷузъиёт надоданд.

Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали имсол нопадид шуд. Сабти дурбинҳои назоратӣ бори охир ӯро дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон дод. Дар ин кӯча ҳавлии Раҳматовҳо ҷойгир аст ва дар рӯбарӯи он дарёи Сир мегузарад.

Аъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон, аз аввал ба ин бовар буд, ки духтараш ғарқ шудааст. Бо дархости ӯ ҷустуҷӯро дар дарёи Сир идома доданд, вале маъмурони наҷот ҳар дафъа мегуфтанд, ки нишоне аз ӯ наёфтанд. Мақомот дар ин муддат ҳеч гоҳ тасдиқ накарда буданд, ки наврас дар дарё ғарқ шудааст.

Ғарқ шудани сокинон дар дарёи Сир ё Сайҳун ҳодисаи нав нест. Танҳо дар соли 2023 панҷоҳу панҷ мавриди ғарқшавӣ сабт шудааст. Дар ин миён 19 нафар ноболиғ будаанд. Ҳанӯз чор ҷасад пайдо нашудааст.

Гузориши видеоӣ аз рӯзи 12-уми феврал

Манбаъҳо: Додситон ба Дилшод Саидмуродов ва Қамар Азизов ҳабси абад хост

Акси Дилшод Саидмуродов (чап) ва Шӯҳрат Исматуллоев (рост)
Акси Дилшод Саидмуродов (чап) ва Шӯҳрат Исматуллоев (рост)

Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, додситон барои гумонбарон дар парвандаи қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси "Ориёнбонк", солҳои дарози зиндон талаб кардааст. Аз ҷумла, ҳабси якумрӣ барои Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби "Дилшоди СБ" ва соҳибкор Қамарруззамон Азизов.

Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар умум додситон барои чор гумонбар ҳабси якумрӣ ва барои даҳ нафари дигар аз 3 то 14 сол зиндон хостааст.

"Гумонбарон танҳо ба куштани Шӯҳрат Исматуллоев муттаҳам нестанд. Ба зидди баъзе аз онҳо барои хабар надодан ё пинҳон доштани ҷиноят парванда боз кардаанд ва барои ҳамин ҷазояшон камтар аст," -- афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Манбаи дувум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард, ки "баъд аз талаби додситон, додрас ба хонаи машваратӣ рафт". Ба гуфтаи ӯ, "рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад".

Назари ҷонибҳо ба ҷараёни мурофиа ва талаби додситон маълум нест.

Муҳокимаи муттаҳамон дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев дар аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил аст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев ба зидди 18 кас парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Яке аз онҳо Рустам Ашӯров дар моҳи июни соли 2023 ҳангоми кӯшиши даромадан ба Молдова дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро кушт ва худаш ҳам чанд рӯз баъд дар бемористон даргузашт.

Гумонбари дигар Парвиз Мустафоқулов 27-уми августи соли гузашта дар боздоштгоҳе дар Душанбе даргузаштааст. Мақомот сабаби марги ӯро "пневмонияи музмини шушҳо" гуфтанд, аммо иттилои алтернативӣ дар ин бора дар даст нест.

Ба иттилои расмӣ Шӯҳрат Исматуллоевро 23-юми июни соли 2023 аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд. Ҷасадашро 13-уми август аз дарёи Зарафшон ёфта, дар Душанбе дафн карданд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ 15-уми феврал гуфт, ангезаи ин ҳодиса пул аст.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд.

Ин қазия ба сабаби наздикии Шӯҳрат Исматуллоев бо хонаводаи президент шубҳаву гумон ва фарзияҳои зиёдеро ба миён овард, вале молики "Ориёнбонк" расман ҳеч гуна шарҳ ё раддияе нашр накардааст.

Ҳалокати се узви як оила аз дуди ангишт дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт се нафар дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳии Ҳисор, канори шаҳри Душанбе, ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 6-уми март дар эъломияе гуфт, онҳо аъзои як оила ҳастанд.

Ҳодиса шаби 5-уми марти имсол рӯй додааст. Ҷузъиёт дар даст нест.

"Ба наздикони ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ карда, бори дигар аз мардум даъват менамоем, ки тамоми қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Бухорӣ ва дудбароҳоро тафтиш кунед!" -- гуфта шудааст дар эъломияи Кумита.

Ҳафтаи гузашта аз дуди ангишт шаш узви як оила, аз ҷумла чаҳор кӯдак, ҷон бохтанд.

Онҳо дар маҳаллаи Гравзавод, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, мезистанд. Ҳодиса дар рӯзҳои сарду бебарқӣ дар Тоҷикистон рӯй дод ва боис ба вокунишҳои зиёд шуд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки Музаффар Давлатови 38-сола ва ҳамсару кӯдаконаш аз дуди ангишт фавтиданд. Наздикони марҳум мегӯянд, онҳо дар тағора чӯб ва резина рӯшан карда будаанд.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, кормандони мақомот дар ҷои ҳодиса буданд, вале натиҷаи таҳқиқи марги аъзои ин хонавода эълон нашудааст.

Бори аввал нест, ки дар рӯзҳои сард сокинон аз дуди ангишт мефавтанд. 8-уми декабри соли 2023 се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтанд.

Дар оғози соли гузашта дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом фавтиданд.

Сокинони Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон барқи доимӣ надоранд ва маҷбуранд барои гарм кардани хона аз ангишт истифода баранд. Аммо ин усули гармкунии хона барои бархе бо қимати ҷонашон тамом мешавад.

"Қарор бекор шуд." Таҳқиқи дубораи худкушии ду духтар дар Суғд

Худкушии ду духтарро аз нав таҳқиқ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Додситонии вилояти Суғд худкушии ду духтарро дар Панҷакент дигарбора ба баррасӣ гирифтааст. Ҳодиса моҳи сентябри соли 2023 рух дод ва сабаби сару садои зиёд шуд. То ҳол ангезаи воқеа маълум нест.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз баъди ҳодиса гуфта буданд, ки дар ҷасад аломати марги маҷбурӣ нест, аммо духтарон дасти ҳамдигарро баста буданд. Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, дар моҳи феврали имсол гуфт, пас аз анҷоми таҳқиқ ва қарори ниҳоии додрас ҷузъиёти онро ошкор хоҳанд кард.

"Қарори аввал аз тарафи Додситонии вилоят бекор карда шуд. Аз сари нав барои санҷиши иловагӣ фиристода карда шуд ва айни замон мавриди тафтиш қарор дорад," -- афзуд ӯ.

Ҷасади ду духтари ҳабдаҳсоларо, ки ба далелҳои ахлоқӣ ному насабашон гуфта намешавад, пас аз ташхис дар охири моҳи сентябри соли гузашта дафн карданд. Лаҳзаи ба об афтодани духтарон дар дурбинҳои назоратӣ сабт гардидааст. Пайвандон ва мақомоти маҳаллӣ дар бораи сабаби воқеа чизе нагуфта буданд.

Акбар Шарифов, сухангӯйи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, он ҳангом дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “ҳарду донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ҳастанд. Дар ҷасадҳо нишонаи марги маҷбурӣ дида нашудааст, вале дасти ҳамдигарро бо банди халат баста буданд.”

Чизе, ки воқеаро асроромез кардааст, дастони бастаи онҳо ва якҷоя дар об ғарқ шуданашон аст. Ба иттилои дарёфтӣ, наврасон зодагони деҳаи Шаршараи ҷамоати Чинори Панҷакент ҳастанд. Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки онҳо хоҳарон ё хешони наздиканд.

Як масъули ҷамоат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми сентябр гуфт, онҳо дар як синф нуҳ сол хонда, якҷо ба Коллеҷи педагогӣ дохил шудаанд. Ҳарчанд аз тарафи модарӣ хешони дур буданд, бештар бо ҳам дӯстии наздик доштаанд.

Дар шарҳи ҳодиса гумонҳое ҳадс зада мешуд, ки духтарони наврас мушкили хонаводагӣ доштанд ва барои худ роҳи наҷотро ҷустаанд. Чанд ҳамсуҳбати мо аз деҳаи Шаршара дар бораи ин оилаҳо гуфтанд, онҳо миёнаҳол буда, падарони ҳарду духтар ҳам дар муҳоҷирати кориянд.

Мақомоти Кумитаи кор бо занон бар пояи таҳлили солҳои охир гуфта буданд, ки масъалаи худкушӣ аз ҳама бештар дар вилояти Суғд нигаронкунанда аст.

Тобистони соли 2022 аз соҳили рӯди Сир ҷасади занеро бо ду кӯдакаш пайдо карданд ва дертар маълум шуд, ки сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худро бо духтари панҷмоҳа ва писари шашсолааш ба рӯд партофтааст.

Додситонии вилояти Суғд нисбати хушдоман ва дигар аъзои хонаводаи шавҳар “барои ба худкушӣ расониданӣ” зан парванда боз карданд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар, бештар занону духтарон ба ҷони худ қасд мекунанд. Равоншиносон мушкили иҷтимоӣ, нофаҳмӣ дар оила, фишор ва масъалаҳои номусиро аз сабабҳои ин падида меноманд. Чунин ҳодисаҳо камтар таҳқиқ ва расонаӣ мешаванд.

Сӯхтор дар Душанбе ҷони се кӯдаки хурдсолро гирифт

Ҳодиса дар ин кӯчаи Душанбе рух додааст.
Ҳодиса дар ин кӯчаи Душанбе рух додааст.

Дар пайи оташ гирифтани як хона дар Душанбе, се кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодиса зуҳри 2-юми март дар кӯчаи Хайрулло Мирзоеви ноҳияи Шоҳмансур рух додааст. Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби сӯхтор оташ гирифтани сими барқ будааст.

Манобеи огоҳ аз ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар вақти оташ гирифтани хона, Зуҳро, Фотима ва Абдураҳим дар дохили хона буданд ва аз дуд заҳролуд шуда, фавтиданд. Онҳо як, ду ва сесола будаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ 2-юми март ба ҷойи ҳодиса рафт, аммо наздикони кӯдакони фавтида нахостанд суҳбат кунанд. Як ҳамсояи ин хонавода, ки шоҳиди ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор тақрибан соати 11 сар зад ва кӯдакон дар дохили хона буданд.

Сӯхтор дар Душанбе ҷони се кӯдаки хурдсолро гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

“Дар вақти сӯхтор дари хона маҳкам будааст ва барои ҳамин кӯдаконро сари вақт бароварда натавонистем. Онҳо аз дуд заҳролуд шуда буданд ва баъди аз хона баровардан фавран ба Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бурдем. Аммо онҳо аллакай фавтида буданд,”- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Аммо як хешованди ин кӯдакон маҳкам будани дари хонаро рад карда гуфт, онҳо дар вақти сӯхтор дар хона хоб буданд.

Як пизишки Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе ҳам тасдиқ кард, ки кӯдакони фавтидаро барои ташхис ба инҷо оварданд. Кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар ҷойи ҳодиса ва ҳам дар беморхона буданд, аммо сӯҳбат накарданд. Вазорати корҳои дохилӣ, ки идораи сӯхторнишонӣ зертобеи он аст, то ҳол қазияро расман шарҳ надодааст.

Ҳафтаи равон ин дуюмин фоҷиа дар Душанбе аст, ки кӯдакон қурбон мешаванд. Шаби 27 ба 28-уми феврал шаш узви як хонавода дар маҳаллаи “Гравзавод”-и шаҳри Душанбе заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.

Мақомот гуфтанд, Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзанди хурдсолаш аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Ин ҳодисаҳо дар рӯзҳое иттифоқ меафтад, ки дар Тоҷикистон аз ҷумла шаҳри Душанбе сардӣ ҳукмфармост ва сокинон аз қатъ шудани барқ, об ва гармӣ шикоят доранд.

Ҷузъиёти марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзандаш дар Душанбе

Акси Музаффар Давлатов ва хонае, ки ҳамроҳи оилааш дар он мезист
Акси Музаффар Давлатов ва хонае, ки ҳамроҳи оилааш дар он мезист

Марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор кӯдакаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе наздиконро дар мотам нишонд. Бахусус писари хонадонро, ки зинда мондааст. Мақомот гуфтанд, шаш нафар аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо ва наздикон тафсилоти ҳодисаро нақл карданд.  

Он шаб чӣ гузашт?

Шаби 27 ба 28-уми феврали соли 2024. Ҳаво дар Душанбе сард буд. Дар баъзе аз минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла маҳаллаи “Гравзавод”-и ноҳияи Фирдавсӣ, барқ хомӯш шуд.

Хонаи Музаффар Давлатов, ки пештар бо барқ гарм мешуд, он шаб сард монд. Аҳли оила маҷбур шудаанд, барои гарм кардани хона сандалӣ гузоранд. Ба нақли ҳамсояҳо ва наздикон, онҳо дар тағорае оташ рӯшан карда буданд, вале то субҳ нарасиданд. Музаффар Давлатов, ҳамсараш ва чор фарзанди хурдсоли онҳоро мурда ёфтанд.

Аловиддин Саймуъминов, сокини маҳаллаи “Гравзавод”-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, яке аз аввалин шоҳидони ҳодиса будааст. Мегӯяд, ҳангоме ки вориди манзил шуданд, ду наврас дар як тараф ва Музаффар бо ҳамсару фарзанди дигараш дар тарафи дигар хобида буданд.

“Ҳамсояҳо гуфтанд, ки бардоред ба беморхона мебарем. Як фарзандашро бардоштам, ки баданаш карахт шудааст. Дар миёни хона як тағора дидам, ки дарунаш хокистар дошт. Намедонам хокистари чӣ буд, дигар аҳамият надодам,” – нақл кард ӯ.

Музаффар Давлатов аз соли 2018, дар маҳаллаи “Гравзавод”-и Душанбе зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд буд. Чор нафарашон шаби 27 ба 28-уми феврал ҳамроҳи падару модар фавтиданд. Абубакр, писари калони хонавода, ҳамроҳи волидони Музаффар дар хобгоҳе дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Аз ин хонавода танҳо ӯ дар ҳаёт монд. Абубакр ҳоли гап задан надорад, чун дар як шаб падару модар ва чор додару хоҳарашро аз даст дод.

Ангишт ё ҳезуму “резина”?

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов мегӯяд, як шаб пеш аз ҳодиса ба писараш занг зада, гуфтааст, ҳамсару кӯдаконашро гирифта ба назди ӯ ояд. Аммо Музаффар Давлатов рад карда, гуфтааст, “дар хона лахча рӯшан мекунад, то фарзандонаш хунук нахӯранд. Падараш мегӯяд, Музаффарро аз ин кор манъ кард.

“Гуфтам, ки сандалӣ накун, ту ҷойи печка дорӣ, ҳезум дорӣ, хона биё, саҳарӣ рафта печката мегузорем. Аммо гуфт, ки агар ба хонаи ман биёяд, зуком аз фарзандони ӯ ба кӯдакони дигар мегузарад. Саҳар хеста чанд маротиба ба писарам ва келин занг задам, ҷавоб надоданд,” – гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тафсилоти марги аъзои як хонавода дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Зангҳои пайиҳами Бозоралӣ ба писару келинаш беҷавоб монд. Ҳамсояҳо субҳи 28-уми феврал тирезаро шикаста, ба хона даромаданд ва Музаффар Давлатову, ҳамсар ва чор фарзандашро ба беморхона бурданд. Дигар дер шуда буд.

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов, мегӯяд, писараш шаби ҳодиса сандалӣ карда, аммо тағораро на дар зери миз, балки дар болои он мондааст. “Як қисми миз сӯхтааст. Агар тағораро дар зери миз монда, дар болояш кӯрпа мемонданд, шояд ин ҳодиса рух намедод. Гармиаш барояд гуфта, дар болои миз мондаанд,” -- мегӯяд Латифов.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, Музаффар Давлатов ва хонаводааш аз дуди ангишт фавтиданд. Аммо наздикони марҳум фарзияи дигар доранд ва мегӯянд, онҳо дар тағора чӯб ва резина рӯшан карда буданд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, кормандони мақомот омада буданд. Аммо натиҷаи таҳқиқи марги аъзои ин хонавода эълон нашудааст.

“Пештар соҳибкорӣ мекард, вале...”

Музаффар Давлатов 38 сол дошт. Ба гуфтаи наздиконаш пештар соҳибкорӣ мекард, вале ду соли охир ба Русия мерафт. Ду се моҳи ахир бекор буд.

Ин бори аввал нест, ки дар рӯзҳои сарди сол, сокинон аз дуди ангишт мефавтанд. 8 декабри соли 2023 се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.

Дар оғози соли гузашта дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом ҷон додаанд. Сокинони Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон барқи доимӣ надоранд ва маҷбуранд барои гарм кардани хона аз ангишт истифода баранд. Аммо ин усули гармкунии хона, барои бархе бо қимати ҷонашон тамом мешавад.

"Аз дуди ангишт дар сандалӣ фавтидаанд"

Ҷамшед Камолзода
Ҷамшед Камолзода

Марги шаш узви як оила аз заҳри дуди ангишт дар пойтахти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба по кард ва баҳси бебарқиро дар кишвар доғтар намуд. Бисёриҳо дар сар задани ин фоҷеа масъулони соҳаи барқрасониро гунаҳкор карда, хоҳони муҷозоти онҳо шуданд.

Дар рӯзҳои сардтарин дар Тоҷикистон мардуми зиёде дар шаҳру ноҳияҳо ва дар баландошёнаҳо соатҳо барқ надоранд. Сабаб дақиқ гуфта намешавад. Сокинон мегӯянд, дар ин шароит махсусан кӯдакон ранҷ мекашанд ва бархе маҷбуранд, ки бо ҳар роҳ, ҳатто начандон бехатар, хонаҳои худро гарм кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри хабари марги ин хонавода, аз сокинон хостааст, эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро ҳангоми гарм кардани хонаҳо риоя кунанд. Радиои Озодӣ дар ин маврид аз Ҷамшед Камолзода, сардори як бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шарҳи бештар хост.

Ҷамшед Камолзода: "Бо вуҷуди ҳушдорҳо дар бораи эҳтиёт кардан ҳангоми истифода аз бухорӣ ва ангишт чунин ҳолатҳои нохуш рӯй медиҳанд. Мақсад аз огоҳӣ пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёт аст. Мутаассифона, рӯзи 27-уми феврал дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, дар оилаи Давлатовҳо, чунин ҳодисаи нохуш ба амал омад. Дар натиҷа, шаш нафар, аз ҷумла чор фарзанди аз 6 то 11-сола, худи Давлатов ва ҳамсараш Қурбонова ба ҳалокат расиданд. Айни замон таҳқиқ ҷараён дорад. Мувофиқи маълумоте, ки ба Кумита расид, онҳо ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм кардани хона бо сандалӣ ба ин ҳолат дучор шудаанд. Тавре маълум ҳангоми истифодаи оташдону бухорӣ, ҳангоми сӯхтани ангишт ва нодуруст будани лӯлаҳои дудкашу дудбаро гази ғализе, ки аз ангишт ҷудо мешавад, метавонад сабаби заҳролудшавӣ гардад. Зиёд баромадани ин газ сабаби ҳалокати инсон мешавад. Чунин ҳолат дар хонаи Давлатовҳо ба амал омад. Мо ба пайвандони марҳум сабр мехоҳем.”

Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, то чунин фоҷеаҳо иттифоқ науфтанд?

Ҷамшед Камолзода: "Мардум ҳангоми сардӣ кӯшиш мекунанд, ки аз ангишт истифода баранд. Чунин мавод метавонад таъсир дошта бошад. Барои ҳамин, таҷиҳизотро пеш аз истифода як бори дида бароем. Лӯлаҳои дудкашро бисанҷем. Пеш аз хобравӣ бояд ҳамаи ин таҷҳизотро бинем, ки ягон роҳи ихроҷи оксиди карбон ба дохили хона набошад. Ҳангоми муайян кардани хориҷшавии он бояд фавран дару тирезаҳоро кушоем, то ҳавои тоза дарояд. Агар дар инсон каму беш заҳролудшавӣ эҳсос шавад, бояд ба беруни хона бароварда, фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” муроҷиат кунем. Аз онҳое, ки чунин таҷҳизот ва ангишт истифода мебаранд, хоҳиш мекунем, эҳтиёткорона рафтор кунанд.”

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, аз ночорӣ чунин васоили гармидиҳиро худашон насб мекунанд, чун барқ несту хонаҳо сард аст...

Ҷамшед Камолзода: "Бале, аксари мардум аз дастгоҳҳои худсохт истифода мебаранд. Бояд дуди ғализе, ки ҷудо мешавад, ба берун, ба баландтар аз сатҳи хона бароварда шавад. Тавре гуфтам, дар баъзе аз мавридҳо ҳамон лахчаеро, ки гази карбон ҷудо мекунад, дар сандалиҳо ҷой мекунанд, ки бӯйи дуди ғализ дар дохили хона мемонад ва ҳангоми истифода дар сандалӣ хатари бештар эҷод мекунад."

Ғозималики рӯзҳои ҷанг. 12 сол ҳабс барои қатли 22 узви як оила

Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст
Юсуф Солиҳов. Акс аз эълони мақомот барои ҷустуҷӯйи ӯ гирифта шудааст

Як сокини вилояти Хатлонро ба гуноҳи куштор дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.  

Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа-Командир, ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила даст дошт. Ҳодиса тирамоҳи соли 1992 рӯй додааст.

Ба нақли яке аз ширкатдорони мурофиа, Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов дар сухани охирин дар додгоҳ гуфтааст, ҳамроҳи силоҳдорон дар ҷойи ҳодиса буд, аммо касеро накушт. Пайвандони қурбониён ҳукмро "сабук" дониста, бозбинии онро талаб доранд.

Ҳукмро додраси Додгоҳи шаҳри Бохтар, Наҷмиддин Садриддинзода, рӯзи 23-юми феврали имсол содир кард. Тибқи он, Юсуф Солиҳов ҷазоро дар зиндони низомаш сангин мегузаронад.

Радиои Озодӣ баъзе аз ҷузъиётро рӯзи 28-уми феврал дастрас кард. Яке аз манобеи огоҳ гуфт, "Солиҳов бар асоси банди 104 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштани ду нафар ё аз он бештар гунаҳкор дониста шуд. Пештар додситон ба ӯ 15 сол зиндон талаб кард."

Солиҳовро дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон аз он вақт то ҳоло дар бораи ҳодиса ҳарфе нагуфтаанд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 4-уми июли соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм навишта буд, ки куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфтаанд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.

“Ҳадафи онҳо ғоратгарӣ ва азхудкунии моликият будааст. Пас аз қатли аъзои хонавода, гурӯҳи Солиҳов ҷасадҳоро бензин рехта, бо мошини ҷабрдидаҳо аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Дар ин куштор ду нафар ҷон ба саломат бурданд,” – иттилоъ дода буд Додситонии кулли Русия.

Яке аз онҳое, ки дар ин ҳодиса зинда мондааст, Бахтовар Абдуллоев аст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он замон ҳамагӣ 11 сол дошт.

"Нуҳ мард ва сездаҳ зан, аз ҷумла хоҳаронам, модар ва бибиямро куштанд. Қурбониён аз 10 то 55 сол доштанд. Аммаам, Бибихол, зинда монд,” -- нақл кард Бахтовар Абдуллоев. Вай рӯйхати пурраи кушташудаҳоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Кӯшиши мо барои суҳбат бо наздикони Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов то ин дам натиҷа надод. Ба иттилои Бахтовар Абдуллоев, худи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, “ҳамроҳи шахсони мусаллаҳ дар манзили зисти кушташудаҳо буд, вале тир назад ва касеро накушт”.

“Додрас аз Юсуф Солиҳов пурсид, ки чаро пеши роҳи дигаронро нагирифт ва касеро наҷот надод, дар посух “намедонам” гуфт,” – нақл кард Бахтовар Абдуллоев.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.

Кранҳои борбардор ё одамкаш? Тасвирҳои ташвишовар аз биноҳои нави Душанбе

Раиси Кумитаи сохтмон нақзи қоидаҳои бехатариро дар маҳалли баъзе аз сохтмонҳо тасдиқ кард
Раиси Кумитаи сохтмон нақзи қоидаҳои бехатариро дар маҳалли баъзе аз сохтмонҳо тасдиқ кард

Омӯзиши масъала ва чандин навору далел нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз сохтмонҳои Душанбе, коргарон дар шароити хатарзо кор мекунанд.

Аз ҷумла, дар як навор дида мешавад, ки коргаронро ба воситаи крани борбардор ва дар шароити хатарнок болову поин мебаранд. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон нақзи қоидаҳои бехатариро дар баъзе сохтмонҳо тасдиқ кард, аммо аз ҳеч ширкат ном набурд.

Кран барои кашондани коргарон аст ё масолеҳ?

Видеои аввале, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, 13-уми январи соли 2024 дар яке аз сохтмонҳои рӯбарӯи фурӯшгоҳи “Садбарг”-и Душанбе сабт шудааст. Дар навори 33-сонияӣ ба осонӣ дидан мумкин аст, ки сохтмончиёнро ба воситаи крани борбардор аз ошёнаи 10-ум ба поин мефароранд.

Навори дувум як рӯз баъд, 14-уми январи соли 2024, дар яке аз сохтмонҳои хиёбон дар хиёбони Неъмат Қаробоеви Душанбе бардошта шудааст. Дар видео дида мешавад, ки коргаронро ба воситаи кран ба болои бинои 16-ошёна мебароранд.

Коргарон дар дохили зарфе нишастаанд, ки барои боло бардоштани қуму шағал ё масолеҳи дигари сохтмонӣ пешбинӣ шудааст. Агар тасмаи ин зарф канда шавад, коргарон аз баландии 50 метр ба замин меафтанд ва, ба гумон аст, ки зинда бимонанд.

Радиои Озодӣ наворҳои ба ин монандро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гирифтааст
Радиои Озодӣ наворҳои ба ин монандро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гирифтааст

Хабарнигори Радиои Озодӣ наворҳоро ба Алиҷон Ёқубов, декани факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, нишон дод. Ин коршинос мегӯяд, дар инҷо қоидаҳои бехатарӣ вайрон шудаанд ва “ба воситаи крани борбардор бурда расондани кормандон, сохтмончиён иҷозат дода намешавад.”

Алиҷон Ёқубов афзуд, ҳатто дар вақти бор бардоштани кран, набояд дар поёни он ягон нафар биистад, чун мумкин аст, сими кран канда шуда, бор ба сари сохтмончиён афтад.

Радиои Озодӣ пештар низ наворҳои ба ин монандро аз минтақаҳои Тоҷикистон дарёфт карда буд. Дар наворе, ки моҳи ноябри соли 2023 ба дасти Радиои Озодӣ расид, бе ҳеч қоида ва ба крани борбардор савор шудану ба боло баромадани сохтмончиён дида мешуд.

Дар Душанбе сохтмони биноҳои баландошёна афзудааст
Дар Душанбе сохтмони биноҳои баландошёна афзудааст

Муаллифи навор гуфта буд, инҳо сохтмончиёни Маркази тиҷоратии Кӯлоб мебошанд. Марказро ширкати “Комил 2010” месозад, ки бар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, тааллуқ дорад.

Рӯзи 25-уми ноябри соли 2023 як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми ин бино ба замин афтода ҷон бохт. Додситонӣ аз оғози таҳқиқи ҳодиса хабар дод, аммо дигар маълум нашуд, ки гунаҳкорон ҷазо гирифтанд ё не.

Раиси Кумитаи сохтмон чӣ посух дорад?

Масъалаи бехатарӣ дар сохтмонҳо, дар аввали моҳи феврали имсол дар нишасти хабарии Кумитаи сохтмон садо дод. Низом Мирзозода, раиси ин ниҳод, нақзи қоидаҳои бехатариро ҳангоми бунёди хонаҳо тасдиқ кард ва онро ба бевиҷдонии баъзе ширкатҳо рабт дод. Аз ҳеч кас ном набурд.

Низом Мирзозода,
Низом Мирзозода,

“Аз рӯи виҷдон кор намекунанд, сеткаҳоро саривақт мегиранд. Фикр намекунанд, ки дар инҷо шаҳрвандони мо кор мекунанд. Бехатарӣ дар мадди авввал меистад,” - афзуд раиси Кумитаи сохтмон.

Солҳои охир бозори сохтмони манзил ва фурӯши он дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе гарм аст. Ба иттилои расмӣ, соли 2023 дар кишвар зиёда аз 1,7 миллион метри мураббаъ хона сохтаанд. Ин омор назар ба як сол пеш 2 дарсад зиёд аст.

Як мушоҳидаи сарироҳӣ кофист, то бубинед, ки дар баъзе аз сохтмонҳои Душанбе қоидаҳои бехатарӣ риоя намешаванд. Мутахассисон риояи ин қоидаҳои бехатариро дар сохтмонҳо ҳатмӣ медонанд.

“Ҳангоми сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар гирду атроф девор сохта мешаванд, то барои сокинон ягон монеа эҷод нашавад. Илова бар ин, агар биноҳо дар минтақаҳои серодам сохта шавад, симтурҳои махсус гузошта мешавад, ки мабодо ягон датсгоҳ ё ашё ба канори роҳ наафтад,” -- мегӯяд Алиҷон Ёқубов, декани факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникӣ.

Бори аввал нест, ки бинокорон дар Тоҷикистон ҳангоми кор аз беэҳтиётӣ ва ё сабабҳои гуногун афтода, ҷон медиҳанд ё маҷруҳ мешаванд. На ҳамаи ҳодисаҳо таҳқиқ ва на ҳамеша масъулон ҷазо мегиранд. Аз ҷумла, соли 2021 як ҷавоне дар Душанбе аз назди сохтмони ширкати “Ёқут 2000” мегузашт, ки оҳанпорае аз боло афтода, ӯро маҷруҳ карда буд. Сиёвуш Акобиршоев ба додгоҳ шикоят бурд ва додгоҳ ширкатро вазифадор кард, ки ба ин сокини Душанбе ҷуброн пардозад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кранҳои борбардор ё одамкаш? Фалокат дар биноҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Рӯзгори муҳоҷир: "Духтарамро дуздида, бо як бемори руҳӣ никоҳ карданд"

Мехоҳам, дузди духтарам ҷазо гирад!" (Рӯзгори муҳоҷир #15)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:28 0:00

Як муҳоҷирзани тоҷик, ки бо талоши зиёд ва кӯмаки ҳамватанон тавонист, духтари дар Хатлон беномунишоншудаашро пайдо кунад, ҳоло талаб дорад, ки одамрабоён ҷазо гиранд.

Навори муроҷиати Саодат Маҳмадҷонова дар охири моҳи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба бор овард. Ин модар бо алам мегуфт, се моҳ боз, духтари 21 солаашро меҷӯяд, ки нопадид шудааст. Дертар хабар доданд, ки Бунафша Маҳмадҷонова бо кӯмаки як муҳоҷири тоҷик, пайдо гардид, аммо суолҳои зиёде дар робита ба ин қазия беҷавоб боқӣ мондаанд.

Саодат Маҳмадҷонова,сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, 41 сол дорад ва соҳиби се фарзанд аст. Духтараш Бунфаша, ки баъди издивоҷи нокомаш ба хонаи модарӣ ба ноҳияи Вахш баргашта буд, тирамоҳи соли гузашта нопадид шуд. Талошу муроҷиатҳо ба чандин ниҳод дар кишвар барои пайдо кардани духтар бенатиҷа буданд. Саодат Маҳмадҷонова маҷбур шуд дар наворе дар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон барои пайдо кардани фарзандаш кӯмак пурсад.

Саодат мегӯяд, нафароне, ки духтарашро рабудаву иҷборан ба никоҳи як марди дорои бемории руҳӣ даровардаанд, ба Бунафша таҳдид кардаанд, ки агар дар ин бора ба наздиконаш лаб кушояд, хонаводаашро аз байн мебаранд ва хонаи онҳоро оташ мезананд.

Ин мусоҳиби мо аз тақдири духтараш нигарон аст ва мехоҳад ҳарчӣ зуд ӯро ба наздаш ба Маскав биорад. Дар айни замон ба Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо аризаи шикоятӣ муроҷаит намуда, хостори ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани афроде, шудааст, ки дар ин амал даст доранд.

Бояд гуфт, ҳодисаи бедаракшавии Бунафша Маҳмадҷонова ба даврае рост меояд, ки моҳи январи имсол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо танқиди сахт аз кори мақомоти интизомӣ амр дод, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва муовинони онҳоро дар вилояти Хатлон барои бесалоҳиятӣ аз кор биронанд.

Ҳоло Саодат умед дорад, қазияи рабуда шудани духтараш таҳқиқ мешавад ва омилони он беҷазо намемонад. Зеро ба гуфтаи ӯ ин се моҳе, ки аз духтараш хату хабаре набуд, дар мулки мусофират ба қавле “сад кафан пора кард.”

Дар шумораи навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" моҷарои ин модари муҳоҷир қисса шудааст.

Сарвазири собиқи Ҳолланд ва занаш ихтиёран бо зиндагӣ падруд гуфтанд

Сарвазири собиқи Ҳолланд Дрис ван Агт якҷо ва ихтиёран бо ҳамсараш Эугения вафот карданд. Зану шавҳари 93 сола, ки аз бемории шадиде ранҷ мекашиданд, тасмим гирифтанд, бо роҳи “эвтаназия” ё марги бедард ба зиндагӣ хотима бахшанд. Дар Ҳолланд ба марг бо ин роҳ иҷоза дода шудааст.

Ван Агт, солҳои 1970 ҳизби “Даъватӣ насронӣ- демократӣ”-ро раҳбарӣ мекард ва аз соли 1977 то 1982 сарвазири Ҳолланд буд. Вай як муддат намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷопон ва ИМА буд. Баъди сактаи мағзӣ гирифтан, дар соли 2019 Ван Агт бемор буд. Ҳамсараш Эугения ҳам аз дард азият мекашид. Зану шавҳар қарор доданд, ки аз ранҷу азоб раҳо шаванд ва бо марги ихтиёрӣ даст ба дасти ҳам ба зиндагӣ хотима бахшанд. Онҳо 70 соли умри худро якҷо сипарӣ кардаанд.

Ҳолланд соли 2002 қонун дар бораи эвтаназия ё марги бедардро барои афроде, ки бемории вазнин доранд, қабул кард. Чанд кишвари Аврупоӣ ва бархе аз Иёлатҳои Амрико ҳам ба марг аз роҳи эвтаназия иҷозат додаанд. Он барои афроде пешбинӣ шудааст, ки ба бемориҳои табобатнашаванда гирифторанду ранҷу азоб мекашанд.

Дар Тоҷикистон мисли бисёре аз кишварҳои дигар эвтаназия иҷоза дода намешавад ва куштани инсон аз рӯи тарраҳум ва аз ҳамин роҳ халос кардани онҳо аз азоб дар амал ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар Қонуни асосии Тоҷикистон “ҳақ ба зиндагӣ” ба ҳайси як арзиши воло зикр шудааст, вале “ҳақ ба марг” ва ҳамингуна “эвтаназия” дар ҳеҷ санади қонунӣ нест.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG