Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар оғози ҳафта ва дар мулоқот бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг вазъ дар Украина ва пешрафтҳои артиши ин кишварро дар муқобила бо Русия баррасӣ кард.
Бино ба гузоришҳо неруҳои Украина шаҳри аз назари стратегӣ муҳими Купянск дар вилояти шимолушарқии Харковро аз дасти неруҳои Русия бозпас гирифтаанд.
Бештар аз 1300 сарбози вафодор ба Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон барои тақвияти неруҳои Русия ба вилояти Херсони Украина ворид шудаанд.
Русия иҷоза надод, тарҳи ниҳоии Аҳдномаи Байналмилалии Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ қабул шавад, ки баррасии тарҳи он дар Созмони Милал як моҳ идома дошт. Дипломатҳои Русия гуфтанд, ки тарҳ моҳияти ошкори сиёсӣ дорад” ва барои ҳамин мухолифи қабули он ҳастанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 24-уми август гуфт, кишвараш "то охир" ба зидди истилои Русия меҷангад ва қаламравҳои аз дастдодаашро ҳам бозпас мегирад. Украина 31-умин солгарди истиқлоли хешро дар шароите таҷлил мекунад, ки аз замони ҷанг бо Русия ним сол пур шуд.
Ҷанг дар Украина даҳҳо сарбозро аз дасту пой маҳрум кард, аммо бо вуҷуди ин сарбозони маъюб муборизаро идома медиҳанд. Ба онҳо марказе дар Киев ба ҳаёти дубора мебахшад.
Артиши Украина рӯзи 17-уми август гуфт, неруҳои Русия дар талош барои пешравӣ дар вилояти шарқии Донетск ба маҳаллаҳои аҳолинишин дар шаҳри Харков зарба мезананд.
Ситораҳои мусиқӣ ва ихтиёриён дар Лаҳистон дар марказе гирди ҳам омада, барои Украина кумак ҷамъоварӣ мекунанд.
Рӯзи 16-уми июн баъди ба садо даромадани бонги хатар дар шаҳри Киев, сокинони пойтахти Украина худро ба паноҳгоҳҳо заданд. Аз ин пештар ва дар рӯзҳои ахир ҳамлаҳои Русия бо истифода аз мушакҳои дурбурд ба шаҳрҳои Украина шиддат гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Бо гузашти як рӯз аз мушакборони Русия ба шаҳри Одессаи Украина, ки бо марги 21 ғайринизомӣ анҷомид, бомдоди рӯзи 2-уми июл сокинони шаҳри Миколаевро садои таркиш ва бонги хатар бедор кард.
Аз таъсири гармии тобистон нест, ки раҳбарон ва тоҷирони Аврупо арақ мекунанд, балки аз бими бозии Русия бо газ аст, ки мумкин аст, сабаби буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар зимистони оянда дар минтақа шавад. Шояд пештар аз зимистон ҳам.
Дар остонаи як нишасти муҳими Иттиҳоди Аврупо дар бораи Украина, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, гуфт, мумкин аст, Русия ҳамлаҳоро барои ишғоли манотиқи шарқии кишвараш, бештар кунад.
Ёфтҳои бештар