Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Киев аз бими бомборони неруҳои Русия худро ба паноҳгоҳҳо заданд


Оқибати ҳамла ба шаҳри Днепр
Оқибати ҳамла ба шаҳри Днепр

Рӯзи 16-уми июл баъди ба садо даромадани бонги хатар дар шаҳри Киев, сокинони пойтахти Украина худро ба паноҳгоҳҳо заданд. Аз ин пештар ва дар рӯзҳои ахир ҳамлаҳои Русия бо истифода аз мушакҳои дурбурд ба шаҳрҳои Украина шиддат гирифт, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Айни замон яке аз мақомҳои баландпояи идораи атомии Украина, неруҳои Русияро муттаҳам кард, ки неругоҳи атомии ишғолшудаи Запорожйеро, ки бузургтарин дар Аврупост, барои ҳамла ба маҳаллаҳои наздик ва пинҳон кардани силоҳҳои пешрафта истифода мебаранд.

Ӯ ҳамчунин Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро, ки саъй дорад, байни Русияву Киев миёнҷигарӣ кунад, ба “бозиҳои сиёсӣ” муттаҳам кард. Аз дигар тараф бо гузашти 20 ҳафта аз ҳамлаи Русия ба Украина ду ҷониб аз пешрафт дар гуфтугу дар бораи иҷоза додан ба содироти миллионҳо тонна ғалладона дармонда дар анборҳо ва бандарҳои Украина хабар додаанд.

Мақомоти Туркия, ки дар ин гуфтугуҳо миёнҷигарӣ мекунанд, гуфтаанд, ки мумкин аст, ҳафтаи оянда созише ба даст биёяд. Бомборони Украина шоми 15-уми июл ҳам идома кард. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз эҳтимоли ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Днепр ва Кременчук хабар дод, ки дар ҷануби шаҳри Киев дар канори рӯдхонаи Днепр қарор доранд.

Ӯ дар муроҷиати видеоии шабонаи худ ба мардум гуфт, ки русҳо “ҳоло фаҳмидаанд, ки мо ба тадриҷ қавитар мешавем” ва аз ин рӯ бо ҳамла ба шаҳрҳо мехоҳанд, ба украиниҳо фишор биёранд ва онҳоро тарсонанд.

Валентин Резниченко, раиси вилояти Днепропетровск дар Телеграм навишт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия ба шаҳри Днепр се нафар кушта ва 15 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мушакҳо ба як корхонаи саноатӣ ва кӯчаи наздик ба он бархӯрдаанд. Аксҳо аз ин маҳал дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуди ғализ дар ҳаво ва мошинҳои сӯхтаро нишон медиҳанд. Днепр, ки 1 миллион нафар аҳолӣ дорад, дар аҳди шӯравӣ аз марказҳои саноати низомӣ, мушаксозӣ ва фазонавардӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар шарқи Украина дар вилояти Донетск, Павло Кириленко, раиси ин вилоят дар телевизион гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо аз тӯпхона ба даҳ минтақа 8 нафар кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Украина субҳи 16-уми июл гуфт, неруҳои кишвараш амалиёти сарбозони рус дар наздикии шаҳри Спирне Ивано Дариивкаро дар Донетск рафъ кардаанд.

Тасдиқи гуфтаҳои ҳарду тараф дар бораи набардҳо аз манобеи дигар мушкил аст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи бомбборони шаҳрҳои Бахмут ва Кременчук 6 нафар маҷруҳ шудаанд. Сокинони шаҳри Виннитса, ки рӯзи 14-уми июл ҳадафи мушак қарор гирифт, дирӯз ёди 23 нафареро гиромӣ доштанд, дар натиҷаи ин ҳамла ҳалок шуданд.

Русия гуфт, ки идораҳои кориро ҳадаф гирифтааст, аммо мақомоти Украинаву Амрико онро рад кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла се кӯдак аз ҷумла як духтараки 4-cолаи дорои синдроми Даун кушта шуд, ки модараш аз фаъолони боло бурдани огаҳӣ дар бораи ин беморӣ буд.

То кунун сарнавишти 39 нафари дигар маълум нест. Дар тарафи дигар Петро Котин, мудири ширкати давлатии “Энергоатом”-и Украина дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, масъалаи неругоҳи атомии Запорожйе “фавқуллода ҷиддӣ” аст ва фишор ба Русия барои раҳо кардани неругоҳ кофӣ нест. Ҳудуди 500 сарбози неругоҳи Запорожйеро дар шимолушарқи Украина таҳти назорат доранд. Неругоҳ дар ҳафтаҳои аввали ҷанг ба дасти сарбозони рус гузашт.

Петро Котин гуфт, ки неруҳои Русия ба ин неругоҳ системаҳои мушакӣ оварда ва аз онҷо ба дигар манотиқ зарба мезананд. Ӯ ҳамчунин Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ барои ёфтани тавозун байни Украинаву Русия “бозии сиёсӣ” мекунад. Неругоҳи мазкур то оғози ҷанг дар Украина аз панҷ як ҳиссаи нерӯи барқи Украинаро таъмин мекард.

XS
SM
MD
LG