Бештар аз 1300 сарбози вафодор ба Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон барои тақвияти неруҳои Русия ба вилояти Херсони Украина ворид шудаанд.
Дар ин бора раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 10-уми сентябр хабар дод ва гуфт: “Барои тақвияти неруҳои Русия дар минтақаҳои муваққатан ишғолшуда воҳиди “Қодировҳо”, ки бештар аз 1300 нафаранд, ба вилояти Херсон ворид шудаанд.”
Далелҳои афзоянда нишон медиҳанд, неруҳои Украина дар вилояти Херсон, ки дар ҳафтаҳои гузашта ба саҳнаи даргириҳои сахт табдил ёфтааст, пешравии чашмгире кардаанд. Вилояти мазкурро Русия пас аз ҳамла ба Украина дар моҳи феврал дар муддати кутоҳе ишғол кард.
Гуруҳи “Қодировҳо” як воҳиди ниманизомӣ дар Чеченистон аст ва мисли артиши хоси онҷо амал мекунад ва сарбозонашро ба озору азияти зиёди мардум муттаҳам мекунанд.
Украина чанд ҳафта боз дар бораи ҳамлаи ҷавобӣ дар атрофи Херсон суҳбат мекунад. Лойд Остин, вазири дифои Амрико рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки “мо ҳоло шоҳиди муваффақият дар Херсон ҳастем.”
Ба гуфтаи Остин, неруҳои Украина ҳамчунин дар шимолу шарқ дар наздикии шаҳри Харков, дуввумин шаҳри бузурги кишвар пешравӣ доштаанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар муроҷиати видеоии худ дар шаби 9-уми сентябр неруҳои кишварашро барои пешравиҳо ситоиш кард ва гуфт, ки дар муддати як ҳафтаи ҳамлаҳои ҷавобӣ бештар аз 30 маҳалларо дар вилояти Харков пас гирифтанд.
Хадамоти низомии иттилоотии Бритониё рӯзи 10-уми сентябр гуфт, ки воҳидҳои украинӣ, ки дар шарқ амалиёт пеш мебаранд, ба шаҳри Купянск наздик мешаванд, ки як маҳалли асосии таъминоти неруҳои Русия дар ҷабҳаи Донбас аст.
Гуфтугӯ