Русия иҷоза надод, тарҳи ниҳоии Аҳдномаи Байналмилалии Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ қабул шавад, ки баррасии тарҳи он дар Созмони Милал як моҳ идома дошт. Дипломатҳои Русия гуфтанд, ки тарҳ моҳияти ошкори сиёсӣ дорад” ва барои ҳамин мухолифи қабули он ҳастанд.
Густаво Злаувинен, раиси конфронсе, ки тарҳ дар он баррасӣ мешуд, шоми 26-уми август гуфт, ки ба сабаби онки “Русия дар матни аҳднома мушкилот пайдо кард” конфронс дар мавқеъе нест, ки ба созиш даст ёбад.
Дар тарҳ ишғоли неругоҳи атомии Запорожйе дар Украина, ки ҳоло дар назорати неруҳои Русия аст, танқид шудааст. Русия баъди ду ҳафтаи ҳамла ба Украина дар моҳи феврал неругоҳро таҳти назорат гирифт ва ин амал мояи нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи эҳтимоли фалокати атомӣ шуд.
Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомиро, ки 50 сол пеш қабул шуд, 191 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон имзо кардааст ва онро бояд ҳар 5 сол бознигарӣ кунанд. Ҳадафи он роҳ надодан ба афзоиши силоҳҳои атомӣ ва дар умум аз байн бурдани ин навъи силоҳҳо мебошад. Матни аҳднома бояд соли 2020 бознигарӣ ва қабул мешуд, вале ба далели пандемияи COVID-19 ба таъхир афтод.
Дар тарҳи аҳднома чаҳор дафъа ба неругоҳи атомии Запорожйе ишора шудааст ва дар он аз фаъолиятҳои низомӣ дар наздикиҳои неругоҳ изҳори нигаронии амиқ кардаанд. Дар аҳднома ҳамчунин Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро танқид кардаанд, ки қодир нест, амният дар онҷо таъмин кунад ва монеи сӯистифодаи эҳтимолии моддаҳои атомӣ шавад.
Ян Ҳванг, сафири Фаронса, ки ба намояндагӣ аз тарафи 56 кишвар ва Иттиҳодияи Аврупо баёнияеро мехонд, аз “лафзбозиҳои хатарноки атомӣ, иқдомот ва изҳороти таҳрикомези Русия дар мавриди боло бурдани сатҳи ҳушдори атомӣ” ибрози таассуф кард. Яксаду бист кишвари узви Ҷунбиши ғайримуттаҳид низ бо ибрози ноумедӣ санади мазкурро “бисёр муҳим” хонданд.
Андрей Белоусов, муовини раиси ҳайати Русия дар конфронс гуфт, ки ин нишаст ба “гаравгони сиёсии кишварҳое табдил ёфтааст, ки мехоҳанд, бо матраҳ кардани масоиле, ки аҳднома рабте надорад, “баҳсро заҳролуд ва бо Русия ҳисоб баробар кунанд”. Ӯ афзуд, ки Украина ва ҳомиёнаш “масъулияти комили” нокомӣ ба даст ёфтанд ба қабули аҳдномаро бар дӯш доранд.
Пештар аз ин ширкати давлатии “Энергоатом”-и Украина гуфт, ки ҳарду реактори фаъоли неругоҳи Запорожйеро ба ҳалқаи ягонаи неруи барқи Украина васл кардаанд. Киев пештар иддао кард, ки ба сабаби ҳамлаҳои тӯпхонаии Русия нерӯгоҳ аз хати барқ ҷудо карда шудааст. Дар баёнияи “Энергоатом” омадааст: “Бо вуҷуди дасисаҳои батакрори ишғолгарон, неругоҳи Запорожйе ба кори худ идома медиҳад.”
Гуфтугӯ