Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои Украина як шаҳри муҳимро аз дасти сарбозони Русия бозпас гирифтаанд


Сарбозони Украина парчами кишварро дар болои биное дар рустои Високопилия дар вилояти Херсон насб мекунанд. Акс аз рӯзи 4-уми сентябр.
Сарбозони Украина парчами кишварро дар болои биное дар рустои Високопилия дар вилояти Херсон насб мекунанд. Акс аз рӯзи 4-уми сентябр.

Бино ба гузоришҳо неруҳои Украина шаҳри аз назари стратегӣ муҳими Купянск дар вилояти шимолушарқии Харковро аз дасти неруҳои Русия бозпас гирифтаанд.

Артиши Украина ҳануз гузоришеро, ки хабаргузории “Украинска Правда” бо такя ба гуфтаи Наталия Попова, раиси шӯрои шаҳр нашр кард, тасдиқ накардааст. Хабари мазкур бо акси чаҳор сарбози украинӣ нашр шудааст, ки дар маркази шаҳр дар даст парчами Украинаро доранд.

Наталия Попова ин аксро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст. Дар ҳамин рӯз Хадамоти иттилоотии Бритониё эълон кард, воҳидҳои низомии Украина, ки барои бозпас гирифтани минтақаҳои ишғолӣ ба ҳамлаҳои ҷавобӣ гузаштаанд, ба шаҳри Купянск наздик мешаванд. Шаҳри мазкур, ки ба Харков дуввумин шаҳри бузурги Украина васл аст, баъди оғози ҷанги Русия дар моҳи феврал ишғол шуд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар муроҷиати видеоии худ дар шаби 9-уми сентябр неруҳои кишварашро барои пешравиҳо ситоиш кард ва гуфт, ки дар муддати як ҳафтаи ҳамлаҳои ҷавобӣ бештар аз 30 маҳалларо дар вилояти Харков пас гирифтанд. Ӯ афзуд: “Мо батадриҷ назорати маҳаллаҳои бештарро ба даст мегирем, парчами Украинаро бармегардонем ва мардумро муҳофизат мекунем.”

Далелҳои афзоянда ҳамчунин нишон медиҳанд, ки неруҳои Украина дар вилояти ҷанубии Херсон, ки ҳафтаҳо боз даргириҳои шадид онҷо идома дорад, пешравии зиёде кардаанд. Ллойд Остин, вазири дифои Амрико ҳангоми сафараш ба шаҳри Прага дар рӯзи 9-уми сентябр гуфт: “мо ҳоло шоҳиди муваффақият дар Херсон ҳастем ва ҳамчунин дар Харков пешравиҳоро мебинем, ки ташвиқкунанда аст.”

Шаҳри Купянск дар 120 километрии ҷанубушарқи Харков воқеъ аст ва як роҳи калидии таъмини неруҳои Русия дар ҷабҳаи Донбас ба ҳисоб меравад. Хадамоти иттилоотии Бритониё мегӯяд, неруҳои Русия аз амалиёти ҷавобии неруҳои украинӣ, ки рӯзи 6-уми сентябр оғоз ёфт, “ғофилгир” шудаанд.

Ба қавли низомиёни Бритониё, бозпас гирифтани Купянск “зарбаи сахте” ба неруҳои Русия хоҳад буд. Айни замон ба қавли онҳо неруҳои Русия дар Изюм як шаҳраки дигари стратегӣ дар 70 километрии ҷануби Купянск “ҳарчӣ бештар дар инзиво” мемонанд.

Дар таҳаввулоти дигари ҷанг, бештар аз 1300 сарбози вафодор ба Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон барои тақвияти неруҳои Русия ба вилояти Херсони Украина ворид шудаанд. Дар ин бора раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 10-уми сентябр хабар дод ва гуфт: “Барои тақвияти неруҳои Русия дар минтақаҳои муваққатан ишғолшуда воҳиди “Қодировҳо”, ки бештар аз 1300 нафаранд, ба вилояти Херсон ворид шудаанд.”

Гуруҳи “Қодировҳо” як воҳиди ниманизомӣ дар Чеченистон аст ва мисли артиши хоси онҷо амал мекунад ва сарбозонашро ба озору азияти зиёди мардум муттаҳам мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG