Андрей Луговой, вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро ба русҳаросӣ муттаҳам кард. Ба иддаои ӯ, гӯё ин андеша дар китобҳои дарсии таърих дар ин кишварҳо ҷой дода шудааст.
Дилбар моҳҳо боз дар шаҳри Омски Русия дар боздошт ба сар мебарад ва сарнавишти ӯ бе мурофиа ва муҳокимаи додгоҳӣ норӯшан мондааст. Ин муҳоҷири 18-сола аз Осиёи Марказӣ мегӯяд, кормандони зиндон ӯро заданд, бо электрошок азоб доданд ва таҳдид карданд.
Маричка Марчик, овозхони украиниасл аз Канада ва пизишки собиқи ҷангӣ, ҳамроҳ бо Лизаи 19-сола, ки соли 2022 маҷбур ба Русия бурда шуда буд, рӯзи 27-уми январ сафари ҳунарии худро оғоз мекунанд.
Дар ҳоле ки ҷанги вайронгари Русия дар Украина ба марзи чаҳорсолагиаш наздик мешавад, ихтилофи назарҳои амиқ миёни ду тараф боқӣ мемонад. Таҳлилгарон мегӯянд, поён ёфтани хунинтарин ҷанг дар Аврупо баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дар соли 2026 аз эҳтимол дур аст.
Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 26-уми декабр гуфт, дар мавриди мулоқоти нав бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико "дар ояндаи наздик" ба тавофуқ расидааст. Ин дар ҳолест, ки Вашингтон талошҳо барои созиши сулҳ миёни Киев ва Маскав суръат мебахшад.
Як мақоми баландпояи ҳукумати Русия умедҳо аз пешрафти босуръат дар музокироти сулҳи Украинаро, ки ду рӯз боз дар иёлати Флоридаи Амрико миёни фиристодагони Вашингтон ва Маскав ҷараён дошт, камранг кард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мегӯяд, ки ҳолати минтақаи Донбасс ва назорат бар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже, ду нуқтаи калидии мавриди ихтилоф дар музокирот бо Вашингтон барои расидан ба созиш ҷиҳати поён додан ба ҷанг бо Русия аст.
Украиниҳои осоишта аз манотиқи ҷангзада ба маконҳои амнтаре кӯчонида мешаванд.
Ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ бо эҳтимоли зиёд барои ширкат дар ҷанги зидди Украина ба артиши Русия пайвастаанд. Сомонаи тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” феҳрасти ному насаби зодагони Осиёи Марказиро нашр мекунад, ки дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Ҷавонону мардони украинӣ, ки намехоҳанд дар сафи артиш хидмат кунанд, ба гурӯҳҳои қочоқбар то 15 ҳазор долларӣ мепардозанд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба Руминия баранд. Фирор аз хидмат мушкилоти артиши Украинаро, ки ба таҷовузи Русия муқовимат мекунад, сахттар кардааст.
Ёфтҳои бештар