Русия рӯзи 20-уми декабр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳуҷуми густурдаи ҳавоӣ анҷом дод. Дар ин ҳодиса як нафар кушта, як калисои таърихӣ ва чанд бино, аз ҷумла шаш сафоратхона, зарар диданд. Аксҳо аз Киев, рӯзи 20-уми декабри 2024
Мавсими нави бузкашӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон як навъ варзиш медонанд, дар вилояти Хатлон оғоз ёфт. Ин маърака то ҷашни Наврӯз идома хоҳад кард.
Сарнагунии Башор Асад дар рӯзи 8-уми декабр дар Сурия ба 53 сол ҳукуматдории хонадони ӯ дар ин кишвар поён бахшид. Ин рӯйдод пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи шӯришиён ба вуқуъ пайваст. Ҳамла 27-уми ноябр шуруъ шуд. Ҷанги дохилии Сурия дар умум аз соли 2011 идома дошт.
Аксҳои нав аз Марйинкаи воқеъ дар шарқи Украина гузаштаву имрӯзаи ин шаҳри замоне сарсабзу зеборо қиёс мекунанд. Муаллиф: Амос Чаппл, хабарнигори РАО/РО
Созиши оташбас миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон рӯзи 27-уми ноябр ба иҷро даромад. Низомиёни Исроил ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ҳанӯз ба хонаҳои худ дар ҷануби Лубнон барнагарданд ва ба мавқеъҳои Исроил наздик нашаванд. Бо вуҷуди ин, корвони ғайринизомиён ба ҷануби Лубнон ворид шуд.
Идораи назаршумории Амрико тахмин мекунад, ки теъдоди бузурги раъйдиҳандгон дар ин овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард, ки аз интихоботи соли 2016 ва 2020-ум бештар хоҳад буд.
Дар Душанбе, ки бештар аз як миллион аҳолӣ дорад, фақат 4 ҳазору 350 таксӣ кор мекунад, вале ҳисоби мошинҳои хусусӣ номаълум аст. Рӯзона ҳазорон мошини дигар аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳам меоянду мераванд. Баъзе роҳҳо, мисли хиёбони Саъдии Шерозӣ, тақрибан тамоми вақт танба мешавад.
Эрон рӯзи 1-уми октябр бо мавҷе аз мушакҳои болдор ба шаҳрҳои Исроил зарба зад. Бонги хатар дар саросари Исроил ба садо даромад ва ба сокинон дастур доданд, ки ба паноҳгоҳ раванд.
Дар пайи таркиши бомбаи ҷиҳатёб ё ҳидоятшавандаи Русия рӯзи 24-уми сентябр як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Харкови Украина вайрон шуд. Камаш се нафар ҷон бохтаанд. Амалиёти наҷот ва поккорӣ ҷараён дорад.
Бо боло рафтани сатҳи об дар дарёи Дунай, Маҷористон (Венгрия) барои пешгирӣ аз селу обхезии эҳтимолӣ дар ин кишвари аврупоӣ омода мешавад. Сарвазир Виктор Орбан ин вазъро яке аз душвориҳои пешорӯи Маҷористон дониста, ҳамзамон илова кардааст, ки мутахассисону ихтиёриён чӣ кор карданро хуб медонанд.
Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.
Дар Тоҷикистон як мошини сайҳони Ҷумҳурии Чехи ширкатдорони барномаи видеоии “Саёҳати сайёра бо Татра 2” ба садама дучор шуд.
Ёфтҳои бештар