Баъд аз таътили солинавӣ дари корхонаву бозорҳо дар Русия боз шуд ва мақомоти ин кишвар дигарбора ба “шикор”-и муҳоҷирон оғоз кардаанд.
“Толибон”, гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон, мегӯяд, муолиҷаи нашъамандон яке аз дастовардҳои ҳукуматаш аст. Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чӣ гуна аз “кӯшиши табаддулот” суистифода мекунанд?
Хешовандони Аҳмади Иброҳим, сардабири маҳкумшудаи нашрияи "Пайк", аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ӯро аз боздошт раҳо ва ҳукмашро бекор кунанд.
Тоҷикистон дар ҷадвали имсолаи IQ (қобилияти зеҳнӣ) дар миёни 127 кишвар дар мақоми 96-ум ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ поин аст. Масъулони Вазорати маориф дар номае ба Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки ба рушди зеҳни хонандагон таваҷҷуҳи хос доранд.
Бо гузашти як моҳ аз суқути ҳукумати Башор Асад, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи бардоштани баъзе таҳримҳо ба зидди Сурия аст.
Гурӯҳе аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Екатеринбург шикоят карданд, ки мақомоти Русия онҳоро тарқибан се ҳафта боз дар якҷо бо муттаҳамон ба ҷиноят нигоҳ дошта, аз дарёфти хӯроки гарму муқаввӣ маҳрум кардаанд. Муҳоҷирон дар ИВС ё боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат ҳастанд ва мунтазири қарори ихроҷ.
Дар як моҳи охири соли 2024 дар шаҳри Конибодом даҳ кас, аз ҷумла чаҳор ноболиғ, аз се оила кушта шуданд.
Як рӯз баъди расонаӣ шудани муроҷиати додхоҳии хабарнигор ва сардабири нашрияи мустақили "Пайк" аз Рустами Эмомалӣ, додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба даҳ сол ҳабс маҳкум кард.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, парвандаашро сохта номида, дар номае аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, додхоҳӣ кардааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки гурӯҳи “Ансоруллоҳ” қасд дорад, низоми ҳозираро дар Тоҷикистон сарнагун ва давлати исломӣ бунёд кунад. “Ансоруллоҳ” аз ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ таркиб ёфта, дар ҳудуди Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон онро созмони террористӣ медонад.
Назира Алмуҳаммедова, сокини 76-солаи Қирғизистон, барои наҷоти фарзандонаш аз ғарқшавӣ дар шаҳри Душанбе ба як марди тоҷик изҳори сипос кард. Ҳодиса тобистони соли 1994 иттифоқ афтодааст. Алмуҳаммедова мегӯяд, номи мардро намедонад, вале ҳеч гоҳ ёрияшро аз ёд набурд.
Ёфтҳои бештар