Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар бораи кушторҳои пайиҳам дар Конибодом тафсилот намедиҳанд?


Screenshot from Gapi ozod show, Prague, January 9, 2025, Czech Republic
Screenshot from Gapi ozod show, Prague, January 9, 2025, Czech Republic

Дар як моҳи охири соли 2024 дар шаҳри Конибодом даҳ кас, аз ҷумла чаҳор ноболиғ, аз се оила кушта шуданд. Мақомот гуё чизе нашудааст, дар бораи ин ҳодисаҳо сукут мекарданд. Фақат баъди ваҳшатзада шудани мардум Додситонӣ бошитоб эълон кард, ки 4 сокини Конибодомро бо гумони даст доштан дар ҷиноят дастгир кардааст.

Кушторҳои пайиҳам дар ин минтақаи вилояти Суғд аз моҳи марти соли 2024 сар шуда, теъдоди умумии кушташудаҳо зиёда аз бист кас ҳисоб шудааст. Аксари онҳо аъзои як хонавода ҳастанд. То ин дам ду нафар бо гуноҳи даст доштан дар кушторҳо аз бист сол зиндон то ҳабси абад маҳкум шуданд, вале наздикони онҳо хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.

Бисёриҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки чӣ гуна дар Тоҷикистон, ки ҳама чиз зери назорати сахт аст, чунин фоҷиа рух дод ва мақомот дар ифшои он оҷиз мондаанд? Суҳбати мо дар ҳамин бора аст. Меҳмонони барнома: Иззатулло Дадобоев, муфатиши собиқи Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва Муаззама Қодирова, вакили мудофеъ.

Баъзе иқтибосҳо:

“Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ асосан аз намояндагони як минтақаи Тоҷикистон таркиб ёфтаанд. Онҳо сирри тафтишотро ошкор намекунанд. Намегӯянд, ки чӣ ҷараён дорад.”

***

“Дар кишварҳои диктатурӣ ниҳодҳои ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба таври бояду шояд иҷро карда наметавонанд. Як далели дигар паст будани дониши кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, хусусан кормандони тафтишоти пешакӣ. Ва дигар таҳти шиканҷа гирифтани баёноти аввали гумонбарон.”

***

“Яке аз сабабҳои куштор дар Конибодом ин ба даҳшат овардани мардум аст.”

***

“Муфаттишон корро дуруст пеш бурда наметавонанд, чун зери фишор ҳастанд. Онҳо фармон иҷро мекунанд. Фармони мансабдорон, болонишинҳо. Чӣ хеле худашон дар ҳама ҳолат мегӯянд, фармон аз боло.”

Навори барномаро дар инҷо бинед:

Тафтиши ҷиноятҳои Конибодом ба куҷо расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:13 0:00
XS
SM
MD
LG