Чаро насби як дурбини назоратӣ дар Маркази тақсими об, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ба ҷанг кашид? Барои чӣ тақрибан 30 сол аст, ки ду кишвари ҳамсоя наметавонанд, хатти марзро кашанду пеши роҳи ҷанҷолу даъвоҳо ва куштору харобкориҳоро бигиранд? Дар ниҳоят, роҳи ҳал кадом аст?