Рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, миёни сокинони деҳаи Сомониён ва Куктош, дубора муноқиша сар задааст. Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ гуфтанд, моҷаро соати чаҳори субҳ шуруъ шуда, ҳарду тараф ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дертар садои тирпаронӣ шунида шудааст.