Дар натиҷаи даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 28-уми апрел даҳҳо ғайринизомӣ аз ду тараф куштаву захмӣ шуданд ва хонаву иншооти зиёд ҳам осеб дид. Радиои Озодӣ дар бораи ин масоил ва омилҳои дигари низоъ бо Стив Свердлов, як ҳомии ҳуқуқ аз Амрико суҳбат кард.
Бо гузашти чаҳор рӯз аз даргирии хунин дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон мақомоти расмӣ мегӯянд, ки вазъ ором аст ва ҳеч тирандозие дар шаби гузашта сурат нагирифтааст.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми май 10 шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар асорат будаанд, раҳо кардааст.
Ҳизбҳои демократ ва аграрии Тоҷикистон дар баёнияҳои алоҳида ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон вокуниш кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ ва ҳамзамон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар робита ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон ибрози назар кард.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо имзои протоколи иборат аз чаҳор банд дар мавриди оташбаси доимӣ ва берун бурдани нерӯҳо аз хатти марз ба мувофиқа расидаанд.
Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар ба таҳқиқи фаврии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард.
Рӯзи чаҳорум аст, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳассосу мураккаб боқӣ мондааст.
Ёфтҳои бештар