Аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ду ҳафта сипарӣ шуд ва ҳоло оромӣ дар марз ҳукмфармост. Вале баҳсҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи пайомадҳои муноқиша ва сабабҳои он идома дорад, ки ҷанг бо айби кӣ сар зад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди тақрибан ду ҳафтаи ҷанҷоли хунин дар марз бо Қирғизистон ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Муовини раиси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони Қирғизистон хостааст, ки "дар рӯзҳои мушкил барои ҳарду кишвар" қувваҳоро барои барқарории субот дар марз муттаҳид кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав ба Владимир Путин гуфтааст, Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард.
Дар баробари муноқиша дар марзи Исфара ҳамзамон баъд аз зуҳри 29-уми апрел дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ даргирии шадид рух дод.
Имрӯз ҳар куҷо, ки бингаред, гап дар бораи хунрезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки барои як дарғот ва ё маркази тақсими об сар зад. Хунрезие, ки мардуми ду кишвар даҳсолаҳо шоҳид нашуда буданд.
Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 29-уми апрел макони аслии даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд.
Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май бо ду дипломати баландпоя муноқиша дар марз бо Қирғизистонро баррасӣ карда ва гуфтааст, Душанбе музокиротро роҳи ягонаи ҳалли масъала медонад.
Мақомот гуфтанд, ки Қирғизистон дар як ҳафтаи охир 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш рондааст. Аксари онҳо қирғизтаборони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ва донишҷӯ будаанд.
Хонаводаи Ҳасан Акбаров, марзбони 31-солаи тоҷик, барои баргузории тӯйи хоҳараш дар ноҳияи Фархор омодагӣ медиданд, вале марги ӯ ҳавлии онҳоро ба мотамхона табдил додааст.
Масъулони "Тонг ҷаҳони" дар Маскав гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи бадрафторӣ нисбат ба онҳо дар Қирғизистон ба ин созмон шикоят кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи шаҳрвандон аз Русия ба воситаи фурудгоҳи Бишкек ва Уш (Ош) ба Тоҷикистон мерафтанд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 6-уми май дар доираи як сафари корӣ ба вилояти Бодканди ин кишвар рафт.
Ёфтҳои бештар