Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми май 10 шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар асорат будаанд, раҳо кардааст.
Ҳизбҳои демократ ва аграрии Тоҷикистон дар баёнияҳои алоҳида ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон вокуниш кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ ва ҳамзамон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар робита ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон ибрози назар кард.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо имзои протоколи иборат аз чаҳор банд дар мавриди оташбаси доимӣ ва берун бурдани нерӯҳо аз хатти марз ба мувофиқа расидаанд.
Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар ба таҳқиқи фаврии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард.
Рӯзи чаҳорум аст, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳассосу мураккаб боқӣ мондааст.
Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъият ором аст ва ҷасади қурбониёни ҳодисаро дафн мекунанд. Аз ҷумла дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара, макони асосии муноқиша, ки шаш сокин қурбони низои ахир шуданд.
Ёфтҳои бештар