Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ байни сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар ҳудуди се ҷамоати Исфара, 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шудаанд. Инчунин, як иншооти ёрирасон зарар дидааст.