Бо шикасти ба қавли худашон Хилофат ва фирор аз манотиқи васеи Сурияву Ироқ, аъзои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ) аслиҳа ва ашёеро боқӣ мегузоранд, ки аз зулми онҳо нисбат ба инсонҳо далолат мекунанд.
"Мероси" гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ

9
Маводи худсохти тарканда дар шаҳри Ҳумси Сурия. Билофосила баъди рондани ин ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ аз ин шаҳр аксбардорӣ шудааст.

10
Бинои ҳукуматӣ, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар шаҳри Ал-Рай дар наздикии шаҳри Ҳалаб истифода мекардаанд.

11
Сарбози ироқӣ дар назди нақбе, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ барои муқовимат дар шаҳри Мавсил истифода мекардаанд. Дар бисёре аз истеҳкомҳои гурӯҳ нақб вуҷуд дорад ва ба ҷангҷӯён имкон медиҳад, аз як ҷой нопадид шаванду аз ҷойи дигар сар баланд кунанд.

12
Рахти хобу ойинаҳои баста дар як хонае дар Мавсил, ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамчун зиндони занона ба кор мебурдаанд.