Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми апрел дар пайванд ба боздошти дастҷамъии муҳоҷирони қирғиз дар як ҳаммоми Маскав ба сафири Русия Сергей Вакунов нота ё ёддошти эътирозӣ супурд. Вазорат тақозо кардааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ҳифз гардад, то коршарикии стратегии ду кишвар аз ин гуна ҳодиса халалдор нашавад.
Нерӯҳои Русия рӯзи 10-уми апрел дар ҳаммоми "Бодрост" дар Маскав бидуни кадом зарурате бо истифода аз зӯр муҳоҷиронро боздошту тафтиш карданд. Ба нақли яке аз онҳое, ки он замон дар ҳаммом буд, муҳоҷирон панҷ соат латукӯб ва таҳқир шудаанд.
Алихон, ронандаи таксӣ аз Қирғизистон, гуфт: "Онҳо ҳамаро мезаданд. Киҳо буданд, дида намешуд. Ба мо иҷоза намедоданд, ки сар боло кунем. Дар дасташон электрошокер буд."
Ин муҳоҷир афзуд, нерӯҳои Русия онҳоеро, ки ҷисман қавӣ буданд, бо худ бурдаанд: “Шахсони ришдорро ҳам ҷудо карда бурданд. Риши як нафарро ҳамон ҷо қайчӣ карданд. Вақте саркашӣ кард, дар рӯяш заданд. Ба суоли яке аз ҳамроҳони мо, ки пурсид, чаро мезананд, онҳо гуфтанд “чунки шуморо дӯст намедорем.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Жанар Акаев, вакили Қирғизистон, гуфт, ниҳодҳои қудратии Русия бояд фавран онҳоеро, ки ин амалиётро гузаронданд, ҷазо диҳад.
“Ҳамватанон, магар ин дуруст аст, ки як гурӯҳи зиёди одамон бо ОМОН ба ҳаммоми тоҷири қирғиз дар Маскав даромада ҳамватанони моро бераҳмона мезананд? Дафъаи гузашта ҳам ҳамин хел ба бинои соҳибкори қирғиз зада даромаданд ва одамонро бадтар аз террористон заданд,” – гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли вакили қирғизистонӣ, “мо узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва шарикони стратегӣ ҳастем. Яъне чӣ, иҷоза медиҳем, ки садҳо ҳамватани моро бизананд ва хомӯш бимонем?”
Бори аввал нест, ки наворҳо бо саҳнаи боздошти таҳқиромез ва латукӯби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз сӯйи нерӯҳои Русия расонаӣ мешавад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) моҳи марти имсол дар таҳқиқоте гуфт, пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд. Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Русия хост, ҳаргуна зуҳуроти муҳоҷирситезиро маҳкум кунад ва нагузорад, ки ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.
Муаллифон асосан бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик, қирғиз ва узбек ва зери по кардани ҳуқуқи онҳоро сабт карда, гуфтаанд, ки онҳо фақат барои онки осиёӣ ҳастанд, озору азияту азобу уқубат мебинанд. “Ин амалҳои ғайриқонуниро ба онҳо кормандони милиса, шахсони алоҳида, аз ҷумла миллатгароёни ашаддӣ раво дидаанд,” – гуфта шудааст дар таҳқиқоти HRW.