Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия рафиқи “наздиктар” мешаванд?


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Маскав, 17-уми марти 2025
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Маскав, 17-уми марти 2025

Таъкид ба шарикии стратегӣ ва таваҷҷӯҳи зиёди Русия ба бахшҳои саноат ва низомӣ ва ҳашт санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав баёнгари ҳузури густардатари Русия дар оянда ин бахшҳои Тоҷикистон аст.

Тавофуқ дар пасманзари фишорҳои сахт дар Русия болои муҳоҷирони кории тоҷик ҳосил шуд. Оё ин гардиши мусбат дар равобити Душанбеву Маскав метавонад, Тоҷикистонро ба яке аз ҳамкорони наздики Русия дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад?

Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байналмилал бар ин аст, ки ҳаводиси чор соли ахир нишон дода, ки Русия дар арсаи байналмилалӣ шарикони воқеӣ бисёр кам дорад. Ӯ мегӯяд: “Аз ин лиҳоз мо метавонем, Тоҷикистонро ба даҳгонаи шарикони муҳимтарини Русия шомил кунем. Табиист, ки муносибати Русия ба ин кишварҳо, кишварҳое, ки дар ҳама ҳолат равобити нек ва ҳамаҷонибаро бо Русия нигоҳ доштаанд, бояд бисёр барҷаста бошад.”

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав бо фарқ аз гузашта маросими истиқболу ташрифоти пурдабдабае дошт. Бархе аз фаъолон ҳадс мезананд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба баъзе созишҳое дар сӯҳбати як ба як расидаанд, ки пушти парда сурат гирифтааст.

“Бисёре аз ин суҳбатҳои пасипардагӣ рабт ба интиқоли қудрат аз падар ба писар дорад. Мо шоҳиди он гаштаем, ки вақтҳои охир таъйиноти кадрҳои нав аз тарафи худи Эмомалӣ Раҳмон, ин мутобиқ кардани ҳукумати Рустами Эмомалӣ аст” - андеша дорад Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, узви гуруҳи 24, як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон.

Ин бор ба ҷуз созишномаҳои марбут ба истихроҷи урану маъданҳову бахшҳои дигари саноат, ҳамчунин барномаи шарикии стратегӣ бо вазорати дифои Русия то соли 2030 ва нақшаи амали он пазируфта шуд. Ҳоло чи омиле, вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки Русия онро марзи ҷанубии геополитикии худ медонад, далели ин оғӯши боз ва гарми Маскав шудааст, ё наздикии бештари Русия бо Амрико назар ба Чин?

Аз назари Шералӣ Ризоён, Русия ҳамеша бо кишварҳои дӯсту шарикаш аз рӯйкарди чандгуна истифода мекард, ки барои барои сиёсатҳои бунёдияш танҳо як омил наметавонад калидӣ бошад: “Яъне, мо ҳам муносибати ҳасанаро мушоҳида мекунем, ҳам сахтиву зӯрӣ нисбат ба муҳоҷирини кориро мушоҳида мекунем ва ҳам даъватҳои мухталиф аз ҷониби радаҳои сеюму чоруми мақомдорони давлатӣ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиро мушоҳида мекунем. Ҳамчунин аз ҳамин рада, радаи дуюму сеюм бисёр сахт шудани сиёсатҳои Русия нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказиро мушоҳида мекунем.“

Аммо бар хилофи интизори бештари ҷомеаи Тоҷикистон, ин бор гуфтугӯ сари вазъи муҳоҷирин дар Русия, ки бисёр бад шудааст, зиёд сурат нагирифт, ҳарчанд хабарҳое ҳам буд, ки Раҳмон ва Путин дар ин бора сӯҳбат доштаанд. Профессор Раҳмон Ӯлмасов, мегӯяд, Путин дар ин дидор гуфт, “барои ривоҷи иқтисоди Русия хидмати муҳоҷирон бузург аст”, ки ин умедро барои тағйири аҳволи муҳоҷирон зиёд мекунад.

Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси муҳоҷират: “Ҳатман ин баргузор мегарад. Барои чӣ, барои он ки ба наздикӣ раиси Бонки миллии Русия Ҳабибулина хабар дод, ки дар 72 дар сади корхонаҳои Русия коргар намерасад. Ин чӣ маъно дорад, маънои онро дорад, ки агар коргар набошад, корхона кор намекунад. Корхона, ки кор накунад, иқтисоди Русия барбод мешавад”.

Пас аз барҷаста шудани бозиҳои геополитикӣ бар сари захираҳои маъдан дар равобити кишварҳои абарқудрат бо шариконашон, ҷалб кардани Русия аз сӯйи Тоҷикистон дар ин заминаро далели мусбат арзёбӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сафараш гуфт, ки Тоҷикистон ба “татбиқи пурраи зарфиятҳои бузурги муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ бо Русия” кӯшиш хоҳад кард. Вале Русия дар гузашта борҳо ин гуна созишномаҳоро имзо карда буду иҷро накард. Аз ҷумла соли 2006 дар бунёди неругоҳи “Роғун” низ.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG