Баъд аз як соли ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав ҳамоно сахттар кардани сиёсати муҳоҷират дар Русия давом дорад. Душанбе дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави содироти қувваи корист.
Гурӯҳи мусаллаҳ 22-юми марти соли 2024 ба толори "Крокус Сити Ҳол" ҳамла кард. Ба иттилои расмӣ, дар ин рухдод 145 нафар кушта ва беш аз 550 нафар маҷрӯҳ гаштанд. Мақомоти тафтишотии Русия ҳамларо террористӣ номиданд ва расонаҳои русӣ, бо назардошти шумораи қурбониён ва сатҳи харобкорӣ, онро яке аз ҳамлаҳои бузургтарин дар даҳсолаҳои охир навиштанд.
Мақомоти қудратии Русия бо гумони ташкили ҳамла ва иштироки бевосита дар он 27 нафарро дастгир карданд, ки бахши асосии онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Чор гумонбари аслиро 23-юми март дастгир карданд ва бо осори шиканҷа ба додгоҳ оварданд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамларо маҳкум карданд, аммо ҳамзамон бар ғайри қобили қабул будани шиканҷа алайҳи гумонбарон таъкид карданд. Онҳо талаб карданд, ки эҳтимоли бегуноҳии боздоштшудаҳо бояд ба назар гирифта шавад.
Кадом маҳдудиятҳо қабул шуданд?
Соли 2024 бо сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия ва изҳороти мақомдорони Тоҷикистон дар бораи поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар хотирҳо монд. Дар давоми як сол Думаи давлатии Русия даҳҳо қонуни навро тасвиб кард, ки иқомати муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкилтар ва назоратро пурзӯртар карданд. Дар чанд минтақаи Русия ба хориҷиён иҷозаи кор дар баъзе арсаҳои хос пурра манъ шуд.
Бар асоси омори "Росстат", мақомоти Русия дар соли 2024 ҳудуди 80 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардаанд. Тоҷикистон эълом кард, ки 30 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар ин муддат аз Русия ронда шуданд.
Илова бар ин, дар рӯйхати шахсони таҳти назорат дар Русия беш аз 170 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки ба нақзи қонунҳои муҳоҷират муттаҳам шудаанд. Ин афрод бояд то 30-юми апрели соли 2025 ё мақоми худро муайян кунанд кунанд ва ё Русияро тарк намоянд.
Бо вуҷуди дархостҳои батакрори мақомоти Тоҷикистон барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар чаҳорчӯби ташдиди чораҳои амниятӣ дар Русия, вазъият тағйир наёфт. Талошҳои дипломатии Душанбе ба коҳиши ин маҳдудиятҳои муҳоҷиратӣ боис нашуд ва бештар шабеҳи бадтар шудани равобити ду кишвар ба назар мерасид.
Чаро Тоҷикистон?
Як таҳлилгари сиёсӣ аз Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ҳамла ба “Крокус” иллати аслии ташдиди сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия набуд, балки танҳо баҳонае изофӣ барои иҷрои ин иқдом шуд.
“Ин масъала бештар ба ин воқеият вобаста аст, ки гурӯҳе аз миллигароён дар қудрат бо тавваҷуҳ ба шароити ҷанг дар Украина нуфузи худро тақвият карданд ва барномаи зидди муҳоҷиратро пеш мебаранд. Ҳадафи онҳо эҷоди низоме монанди кишварҳои Халиҷи Форс аст, ки дар он муҳоҷирон бидуни имкони шаҳрванд шудан ҳамчун нерӯи кории муваққатӣ ҷазб мешаванд. Тоҷикистон ба далели осебпазириаш ҳадаф қарор гирифтааст, зеро узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё нест,” – афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, чунин сиёсат як сутуни аслии суботи Тоҷикистон – муҳоҷирати меҳнатиро зери хатар мебарад, ки на танҳо мухолифи муносибатҳои шарикона аст, балки боис ба норизоиятии мақомоти Тоҷикистон шудааст.
Рӯзноманигор Галия Ибрагимова, ки масоили муҳоҷиратро бозтоб медиҳад, назари дигар дорад: “Тамаркуз бар Тоҷикистон ба ин далел аст, ки тоҷикон аввалин гурӯҳе буданд, ки дар гузоришҳо ба унвони муттаҳам муаррифӣ шуданд. Агар дар ҷойи онҳо қирғизҳо ё узбекҳо мебуданд, вазъият ҳамин гуна пеш мерафт. Русия аз муҳоҷирон ба унвони абзоре барои мунҳариф кардани афкори ҷомеа аз ҷанг ва мушкилоти дохилӣ истифода мебарад ва дар айни ҳол аз фазои ҷаҳонии зиддимуҳоҷират ва афзоиши маҳбубияти сиёсатмадорони ростгаро баҳра мебарад.”
“Аммо чизе, ки маро озор медиҳад, вокуниши кишварҳои минтақа аст, ки бо вуҷуди нақши муҳиме, ки дар шароити таҳримҳо барои Русия доранд, ҳатто натавонистанд баёнияи муштараке дар ҳимояи шаҳрвандони худ содир кунанд,” – илова кард ӯ.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тағйирот дар бахши муҳоҷират ҳимоят мекунад. Ӯ дар ҷаласаи ҳайати шӯрои Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 5-уми март хоҳони тақвияти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вокуниши сареъ ва қотеъ ба ифротгароӣ ва бунёдгароии мазҳабӣ шуд.
Аммо маълум нест, ки ин мубориза чӣ гуна татбиқ хоҳад шуд. Махсусан дар шароите, ки пулис ҳаққи бе ҳукми додгоҳ ихроҷ кардани муҳоҷиронро пайдо кардааст, ҳуқуқи онҳо то куҷо риоя хоҳад шуд.
Ҳақиқати нав барои Тоҷикистон?
Саволи аслӣ ин аст, ки Тоҷикистон чӣ гуна метавонад худро бо шароити нав мутобиқ кунад ва хисороти иқтисодиашро коҳиш диҳад. Бахтиёр Сафаров, раҳбари ширкати “Central Asia Consulting” дар Вашингтон, бовар дорад, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ва оилаҳое, ки аз интиқоли пул вобастаанд, таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Бо назардошти маҳдудиятҳои Русия, Душанбе дар соли 2024 бо 15 кишвар 41 созишномаи ҳуқуқӣ имзо кард, то сатҳои муҳоҷиратро гуногун ва вобастагиро аз Русия кам кунад. Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 80% муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.
Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дар соли гузашта 45 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил додааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Барои муқоиса, дар Қирғизистон ин рақам 24 дарсад ва дар Узбекистон 14 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад.