Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пешмаргаҳои арзон". Шарти Путин барои довталабони ВНЖ чӣ маъно дорад?


Орзуи ҳазорон марди хориҷӣ, ки мехоҳанд иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) дар Русия ва ё шиносномаи ин кишварро бигиранд, акнун танҳо дар сурате имконпазир хоҳад шуд, ки қарордодро дар бораи хидмати ҳарбӣ имзо кунанд ё корношоям будани худро исбот намоянд.

Сарнавишти Акиф ва Бурҳон

Акифи 48-сола (номи қаҳрамонҳо бо хоҳиши онҳо ва бо далели амниятӣ дигар карда шуд) соли 2021 аз Озарбойҷон ба Русия кӯчид ва се сол пеш бо Мария, шаҳрванди Русия, издивоҷ кард. Онҳо якҷоя хона сохтанд ва дар вилояти Нижний Новгород гӯсфанду бузу харгӯш мепарваранд.

Мария мегӯяд, Акиф ният кард, ки дар Русия бимонад ва барои гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ ҳуҷҷатҳои заруриро гирд овард ва имтиҳони забони русиро ҳам супурд. Аммо дар Идораи муҳоҷират ба ӯ гуфтаанд, ки тибқи фармони нави раисҷумҳури Русия Владимир Путин (рақами 821), ӯ фақат дар сурате метавонад барои ВНЖ довталабӣ кунад, ки қарордодро дар бораи хидмати ҳарбӣ имзо гузорад.

Бурҳони 24-сола қариб як сол пеш аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст. Ҳоло дар минтақаи Ханти-Мансийск кору зиндагӣ дорад. Моҳи феврали соли 2025 иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) гирифт ва мисли Акиф ният дошт, барои гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ ҳуҷҷат супорад. Дар охири тирамоҳи соли 2025 ба ӯ гуфтаанд, ки аввал шартномаи хидмат дар артишро бипазирад.

Падари Бурҳон дар суҳбат бо “Система”, тарҳи таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, “ӯ ба гапи ман гӯш мекунад. Барояш гуфтам, ки шартномаро имзо накун.” Падари Бурҳон дар Тоҷикистон аст.

Навбат дар назди Маркази муҳоҷират дар Маскав, соли 2021
Навбат дар назди Маркази муҳоҷират дар Маскав, соли 2021

Фармон ҳаст, вале шарҳаш ку?

Фармони рақами 821 воқеан вуҷуд дорад. Владимир Путин онро рӯзи 5-уми ноябри соли 2025 имзо кардааст. Ин санад мардони хориҷиро вазифадор мекунад, ки барои гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ қарордодро дар бораи хидмати ҳарбӣ имзо кунанд. На Акиф ва на Бурҳон то замони муроҷиат ба идораи муҳоҷират дар бораи ин фармон чизе нашунида буданд.

Бо вуҷуди он ки санад зиёда аз як моҳ пеш нашр шудааст, на расонаҳои давлатӣ ва на мансабдорони Русия дар бораи уҳдадории нав барои муҳоҷирон хабар надодаанд. Нашрияҳои Русия фақат зикр кардаанд, ки барои хориҷиёни иштирокдори ҷанг дар Украина тартиби содаи гирифтани ВНЖ ва шаҳрвандӣ ҷорӣ шуд. Дар ин навиштаҳо "навгонӣ"-и асосии фармони Путин бозтоб наёфтааст.

Сарлавҳаи баъзе аз расонаҳои Русия дар бораи фармони Путин
Сарлавҳаи баъзе аз расонаҳои Русия дар бораи фармони Путин

Акнун мардони хориҷӣ ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ маҷбур ҳастанд қарордоди хидмати яксола дар артиши Русия ё Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро имзо кунанд ё дар бораи корношоям будани худ аз комиссариати ҳарбӣ санад биоранд.

Ҳамин қоидаҳо ба довталабони шаҳрвандӣ ё шиносномаи Русия низ дахл доранд. Кормандони як созмони ҳомии ҳуқуқ ва як коршиноси соҳаи муҳоҷират дар суҳбат бо тарҳи “Система” тасдиқ кардаанд, ки пештар чунин талабот барои довталабони ВНЖ ва шаҳрвандии Русия вуҷуд надошт. Ҳоло агар қарордод имзо нашавад ё маълумотнома дар бораи корношоямӣ набошад, мардони хориҷӣ бояд аз орзуи гирифтани ВНЖ ва шаҳрвандӣ даст кашанд.

Фармони Путин аз 5-уми ноябр ба шаҳрвандони Беларус дахл надоштааст. Қоидаҳои нав нисбат ба шаҳрвандони Қазоқистон ва Молдова танҳо ҳангоми дархост барои гирифтани шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд.

“Бо РВП қаноат мекунем

Акиф ният надорад, ки қарордодро дар бораи хидмат дар артиши Русия имзо кунад ва бинобар ин, ба гуфтаи ҳамсараш Мария, иҷозаи иқомати доимӣ нахоҳад гирифт. Ҳоло вай иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) дорад, ки муҳлати эътибораш се сол аст. Пас аз адои ин муҳлат маҷбур аст ё кишварро тарк кунад ё тамоми расмиётро аз нав оғоз намояд.

Мария дар аввал бовар дошт, ки кормандони Идораи муҳоҷират фармони Путинро нодуруст тафсир кардаанд. Вай мегӯяд, бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар минтақаи зисташон машварат кард ва ӯ гуё тасдиқ намудааст, ки аз Акиф имзои ҳеч гуна шартнома талаб намешавад. Аммо ба гуфтаи Мария, нозири Идораи муҳоҷират ҷавоб додааст, ки “агар маъқул нест, равед.” Дар идораҳои дигар низ ба онҳо ҳамин гапро такрор кардаанд.

Ҳоло Мария мегӯяд, эҳтимол ӯ ва шавҳараш хонаву дар ва боғу чорвои худро гузошта, ночор аз Русия бираванд. “Маълум нест, ки бо гӯсфандон чӣ кор кунем. Онҳо ҳомилаанд, ҳатто сар буриданашон мумкин нест. Ин қадар заҳмат кашидем, ба касе туҳфа кардан ҳам намехоҳем. Намедонем, чӣ кор кунем. Мо гӯште дар ин дастгоҳи қассобӣ ҳастем,” – бо таассуф гуфт ҳамсуҳбати тарҳи “Система”.

Бурҳон бо машварати падараш аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия даст кашидааст. Ҳоло бо иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) дар Русия зиндагӣ дорад. Падараш мегӯяд, “мебинем, чӣ хоҳад шуд. Вай се сол бо РВП хоҳад буд, сипас тасмим мегирем.”

Елизавета Сурначева, хабарнигори “Система”, гуфт: “Ҳама мебинанд, ки Русия ҷанги истилогарона ва таҷовузгаронаро пеш мебарад. Ҳама дар ин кишвар авҷ гирифтани эҳсоси муҳоҷирситезиро мебинанд ва дарк мекунанд, ки дар ояндаи наздик онҳоро ҳеч чизи хуб интизор нест. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои одамоне дида мешаванд, ки навиштаанд аз тарс чизу чораи худро ҷамъ кардаву рафтаанд.”

“Масъалаи демография фаромӯш шуд”

Дар ҷанги тақрибан чорсолаи Русия алайҳи Украина ҳазорҳо хориҷӣ аз чанд кишвар иштирок кардаанду мекунанд. Қисме аз онҳо барои гирифтани пули калон ё дарёфти шаҳрвандӣ қарордод имзо карда, бахше дигар бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон ва ё таҳдиди ҳабсу ихроҷ аз Русия ба ҷанг фиристода шудаанд. Иддае дар натиҷаи қаллобӣ ё бо умеди даромади осон ба майдони ҷанг афтоданд. Барои мисол, муҳоҷирони зодаи Куба ё Шриланка дар ин бора нақл кардаанд.

Мақомоти Русия аз соли 2022 барои чунин хориҷиён баъзе имтиёз ҷорӣ кардаанд. Масалан, иштирокдорони ҷанги зидди Украина аз супоридани имтиҳони забону таърихи Русия озод ҳастанд ва ҳукумат онҳоро барои адои ҷазо ба кишварҳояшон таслим намекунад.

Акнун фиристодани хориҷиён ба артиш барои гирифтани ҳаққи иқомату шаҳрвандии Русия амалиёти ғайрирасмии баъзе аз маъмурони пулис ё Идораи муҳоҷират нест, балки фармонест, ки Путин имзо гузоштааст.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, ташабусси Кремл инчунин амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва созмони миллатгароёнаи “Русская обшина”-ро нисбат ба муҳоҷирон қонунӣ мегардонад. Ӯ афзуд: "Мутаассифона, ин ҳодисаҳо зиёд мешаванд. Зеро муҳоҷирон як “душман”-и хеле мувофиқе ҳастанд, ки онҳоро дар байни издиҳом маълуму ҳамла кардан ва шикастан осон аст. Бо ин восита онҳо султаҷӯии худро нишон медиҳанд.”

Темур Умаров
Темур Умаров

Коршиноси Маркази Карнегии Берлин Темур Умаров мегӯяд, “Русия дар кул сиёсати муҳоҷиратии худро бозбинӣ кард. То соли 2022 чунин ҳисоб мешуд, ки масъалаи муҳимтарин мушкили демографист ва онро метавон, аз ҷумла бо ҷалби муҳоҷирон ҳал кард.”

“Дар соли 2022 тафаккур пурра дигар шуд. Демография аз ёд рафт. Ҳоло нерӯҳои амниятӣ масъуланд ва аз ҳар роҳи мумкин барои ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг истифода мебаранд,” – хулоса кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Аввал қарордод, баъд иқомат. Шарти нав дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00
XS
SM
MD
LG