Зиндони рақами 26 дар Волгоград, ки бо бадрафторӣ ба маҳбусон ном баровардааст, боз дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Ба шикояти баъзе аз зиндониёни тоҷик дар ин муассисаи ислоҳии Русия, маъмурияти маҳбас дигарбора онҳоро ба имзои қарордод бо Вазорати дифоъ ва рафтан ба ҷанг дар Украина маҷбур мекунанд.
"Қарордодро имзо накардам"
Як маҳбуси тоҷик пеш аз он ки ба "ҳуҷраи танбеҳ" ё ШИЗО дар зиндон фиристода шавад, бо ирсоли паёми садоӣ мадад хостааст. Шахсияти маҳбус ва бо кадом айб зиндонӣ шудани ӯ дар ихтиёри телевизиони "Настояшее Время", як бахши Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далелҳои амниятӣ фош намешавад.
Вай дар паёми садоӣ аз фишорҳои беохири маъмурияти муассисаи ислоҳӣ нақл кардааст: "Инҷо тоҷиконро зери фишори сахт гирифтаанд. Баъзе аз маҳбусон мегӯянд, бигзор ҷомеаи тоҷикон ё касе дар озодӣ ҳаст, ин корро ҳал кунад. Бигзор занг зада пурсанд, ки чаро бесабаб ҳамаро дар ин утоқ ҷо мекунанд? Инҷо аз мо мепурсанд, ки чаро ба ҷанг намеравед? Ман қарордодро хондам, маъқул нашуд ва имзо накардам."
"Ҳоло боз ба санҷиш мефиристанд. Бачаҳо мегӯянд, ки бояд касе аз сафорат омада, моро ҳимоя кунад ва пурсад, ки онҳо чӣ кор карда истодаанд. Ман вақт надорам. Ҳозир бояд либосҳоямро ҷамъ кунам ва ба комиссия равам. Ту бубин, шояд касе аз берун тавонад, ба ин масъала расидагӣ кунад. Бигзор ба зиндони рақами 26 биоянд. Бетартибӣ аст инҷо. Ҳал кунанд," – афзудааст маҳбуси тоҷик.
Паёми садоӣ ба дасти ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, Каримҷон Ёров, расидааст. Вай мегӯяд, соҳиби садоро шинохт. Ӯ ҳамдеҳааш аст.
"То ҷое медонам, ин одамҳо дар зиндони дигар буданд ва бароям аҷиб аст, ки чӣ гуна дар инҷо пайдо шуданд. Ин кор ҳадафмадона сурат мегирад, то онҳоро ба ҷанг фиристанд. Ба ман нақл карданд, ки ин ҳамдеҳаи маро бори сеюм аст, ки ба ШИЗО мефиристанд. Ҳоло ӯ боз дар ШИЗО аст. Бо ҳар баҳонаи ночиз маҷбур мекунанд, ки ба ҷанг раванд. Вай гуфтааст, аввал бо қарордод шинос шавад, вақте дид, имзо накард. Акнун зери фишор мехоҳанд ин корро кунанд," – шарҳ дод Каримҷон Ёров.
"Шароит бад аст, хоб рафтан намемонанд"
Муассисаи ислоҳии рақами 26 дар Волгоград бо таҳқиру шиканҷаи маҳбусон машҳур аст. Маъмултарин усули шиканҷа дар ин зиндон ба ШИЗО ё утоқи ҷазодиҳӣ фиристодани маҳбусон аст.
Каримҷон Ёров гуфт, "ба онҳо эҳтимол тавассути фаъолоне, ки бо маъмурият ҳамкорӣ доранд, фишор меоранд. Бо баҳонаи ночиз ҷазо медиҳанд. Ман бо шахсе суҳбат кардам, ки як вақт бо ӯ дар зиндон буд. Вай нақл кард, ки дар ШИЗО дар як рӯз хӯрок медиҳанд, як соат ба берун мебароранд. Пештар дигар буд, ҳоло дар ошёнаи сеюм ё зери бом ҳастанд. Мегӯяд, шароит бад аст, хобравӣ намемонанд. То ҷое ман медонам соати 6-и субҳ рахти хобро мебардоранд ва одам бояд то 10-и шаб рӯйи по рост бошад. Барқ он ҷо 24 соат рӯшан аст."
Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ҳоло ба ӯ шикоятҳо дар бораи аз зиндон ба ҷанг бурда шудани маҳбусон аз суйи Вазорати дифои Русия камтар мерасад. Акнун ин корро масъулони зиндонҳо анҷом медодаанд.
"Пештар аз артиш ҷалб мекарданд, ҳоло Вазорати дифоъ. Намедонам шояд ин ташаббуси раҳбарони зиндонҳо бошад ё ягон созишнома, масалан, шояд пул мегиранд ё бо дастури губернаторҳо бошад, чун мо медонем, ки ҳар минтақа гурӯҳи муайяни одамонро бояд фиристанд. Ё шояд супориши ФСИН, идораи зиндонҳо аст. Вале ман як чунин муроҷиат аз Ростови лаби Дон доштам,” – афзуд ӯ.
Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд.
Видеоро дар инҷо бинед: