Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди тоҷик дар Русия: "Писари маҳбусамро маҷбур доранд ба ҷанги Украина равад"


Зиндоне дар Русия. Акс аз бойгонӣ
Зиндоне дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Як хонаводаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз он нигарон аст, ки мақомот писари зиндонии онҳоро маҷбур доранд ба ҷанг дар Украина биравад. Падар мегӯяд, писари ҳабсшудаашро кормандони зиндон ҳамроҳ бо намояндагони Комиссариати ҳарбӣ дар шаҳри Брянски Русия “бо зӯрӣ ва фишор маҷбур доранд” хати ризоияти рафтан ба ҷангро имзо кунад, вале ӯ розӣ нест.

Талошҳои хонавода барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав натиҷа надодааст, ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон иштирок дар ҷангҳои хориҷиро ба шаҳрвандон манъ мекунад.


"Таҳти фишор маҷбур доранд ба ҷанг равад"

Радиои Озодӣ номи пурраи падар ва писари зиндонии ӯро дар ихтиёр дорад ва чун ҳардуи онҳо – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қарор доранд, ба хотири осеб нарасонидан ба амнияташон бо сабаби сӯҳбат бо Радиои Озодӣ исмашонро нашр намекунем.

Падар дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав рӯзи 14 июл гуфт, ки писараш 26 сол дорад. Ба гуфтааш, соли 2022, замоне, ки дар Донишгоҳи давлатии кишоварзии шаҳри Брянск таҳсил мекард, бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Писарашро баъдан ба муддати 7 солу шаш моҳ зиндонӣ карданд. Падар гуфт, як моҳ аст писари ӯ ва дигар зиндониҳое, ки намехоҳанд ба ҷанг раванд, таҳти фишор қарор дорад.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Як моҳ мешавад коркунони зиндон ва намояндаҳои Комиссириати ҳарбӣ ӯро бо ваъдаи пул ва озодшавӣ маҷбур доранд ба ҷанг бираванд. Вай рад кардааст, баъди ин фишор овардаанд, ки ба ШИЗО (ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ) мебаранд. Мо намехоҳем фарзандамонро аз даст диҳем, чун ҳар рӯз хабарҳои зиёд дар бораи кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украинаро мешунавем ва мехонем», гуфт ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ.


Сафорати Тоҷикистон кӯмак намекунад

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар Маскав дар як ошхона кор мекунад ва ба сафоратхонаи Тоҷикистон ва ба консулгарӣ муроҷиат кардааст, ки мусоидат кунанд, вале посухе дарёфт накардааст.

«Ман ва фарзандам шаҳрвандии Русияро надорем, вале муроҷиатҳои мо ба сафоратхона ва консулгарии Тоҷикистон дар Маскав натиҷа надод ва маҷбур шудем ба Радиои Озодӣ муроҷиат кунем, то ин ки садои моро бишнаванд, - мегӯяд падари ҷавони зиндонӣ. - Ман мехоҳам мақомоти Тоҷикистон кӯмак кунанд ва фарзанди ман идомаи давраи ҷазояшро дар зиндони Тоҷикистон сипарӣ кунад», мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ бовар дорад, ки интиқоли писараш ба Тоҷикистон метавонад ҷони ӯро аз рафтан ба ҷанги пурқурбонии Русия дар хоки Украина эмин дорад. Падари ҷавони зиндонӣ гуфт, ба нақли писараш дар зиндони Брянск фишори бештар болои маҳбусони тоҷик ва узбек аст, ки барои рафтан ба ҷанг розӣ шаванд.

Омори ширкатдорон ва қурбониёни тоҷикистонии ҷанги Украина яксон нест. Ахиран журналистони ББС ва "Медиазона" исми 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардаанд, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, он ҷо кушта шудаанд. Вале бино ба омори тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина, аз 931 зодаи Тоҷикистон, ки ба ҷанги зидди Украина сафарбар шудаанд, 196 нафарашон кушта шудаанд. Дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ мешавад ва мақомот аз шаҳрвандон тақозо мекунанд, ки ин қонунро вайрон накунанд.

Радиои Озодӣ чандин бор талош кард бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав телефонӣ тамос гирифта назари онҳоро ба қазияи маҳбусе аз Брянск бипурсанд, вале зангҳои телефонии намояндагии дипломатӣ ҳарчанд мегузаранд, вале гӯширо касе намебардорад.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз маҷбуран ба ҷанг фиристода шуданашон аз сӯи мақомоти Русия шикоят доранд. Давоми се соли ҳамлаи Русия ба Украина, хабарҳои зиёде дар бораи фиристода шудани муҳоҷирон ба ҷанг алайҳи Украина расонаӣ шудааст. Як қисми ин муҳоҷиронро бо ваъдаи озодӣ аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурдаанд.

Намунаи ахираш - рӯзи 3-юми апрел рух дод, вақте ҳашт шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро аз маҳбаси рақами 26-и шаҳри Волгогради Русия ба ҷанг дар Украина фиристодаанд.

Наздикони зиндониён аз идомаи ҷалби маҳбусон нигарон ҳастанд, чун бовар доранд, ки Русия ба зудӣ ба ҷанг поён доданӣ нест ё дар пайи тақвият додани артишаш барои фишори бештар ба Украина ҳаст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG