Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мақомоти Русияро барои маҷбурӣ ба ҷанги Украина бурдани тоҷикони зиндонӣ дар ин кишвар шадидан маҳкум кардааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, рӯзи 10-уми апрел гуфт, "маъмурони Хадамоти махсус, кормандони Вазорати мудофиа ва Раёсати зиндонҳои Русия тоҷиконро иръоб (шантаж)-у латукӯб мекунанд, ба ҳуҷраҳои ҷазо мебаранд ва зери фишору таҳдид ба ҷанг мефиристанд."
Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми апрел хабар дод, ки мақомоти Русия аз як зиндони Волгоград 8 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷанг дар Укриана бурдаанд ва камаш панҷоҳ тани дигар зери фишор ҳастанд.
"Ин терроризми фаромиллӣ, ҷинояти ҷангӣ, истисмори низомӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст. Русия ҳақ надорад, ки шаҳрвандони кишварҳои дигарро дар ҷанги таҷовузкоронаи худ алайҳи давлати соҳибистиқлоли Украина ҳамчун “барраи қурбонӣ” истифода барад," -- гуфта шудааст дар изҳороти Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиш, рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина сукут ё хомӯшии мақомоти Тоҷикистон боис ба нигаронист.
Ӯ афзуд, "бо вуҷуди муроҷиати маҳбусон ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳеч дастгирӣ ё дахолате сурат нагирифтааст. Ин хомӯшии мақомот ба маънои ҳамдастӣ аст, ки эътибори кишвари моро поин мекунад ва режими Эмомалӣ Раҳмонро ба шарики мошини ҷангии Кремл табдил медиҳад."
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба Русия расман эътироз баён кунад ва бозгардондани он шаҳрвандонашро, ки ғайриқонунӣ ба ҷанг бурда шудаанд, талаб намояд. Ҳамзамон аз тоҷикон дар Русия даъват кардааст, ки "худро қурбонии ҷанги бегона ва ҷинояткорона накунанд."
"Сарбози диктатура нашавед. Ин ҷанг аз шумо нест... Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги зидди Украина бо ташаббуси Русия ва беамалии Душанбеи расмӣ режими Эмомалӣ Раҳмонро шарики ҷинояти байнулмилалӣ месозад. Ин шармандагӣ ва бори сангин ба дӯши касонест, ки ҳамчунон ин сиёсати сукут ва тарсро тавҷеҳ мекунанд," – гуфта шудааст дар изҳороти Ҷунбиш.
Созмони мазкур аз Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Созмони Милали Муттаҳид, Amnesty International ва Human Rights Watch низ даъват намудааст, ки сафарбарии маҷбурӣ ва истифода аз зиндониёну муҳоҷиронро дар Русия таҳқиқ кунанд.
Омори нави тоҷиконе, ки дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, дастрас нест. Дар гузашта будани беш аз даҳ ҳазор тоҷикистонӣ дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Русия расонаӣ шуда буд.
Дақиқ нест, ки аз соли 2022 то кунун чӣ теъдод аз маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд сол пеш дар суҳбат бо хабарнигорон дар бораи сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик ёдрас шуд. Аз он замон то ҳоло омору шарҳи дигаре нест.