Баъди 40 соли имзои Паймони тиҷорати байналмилалии ҳайвоноту набототи нодир (3-уми марти соли 1973) кишварҳои марбута моҳи равон дар шаҳри Бангкок ( пойтахти Тайланд) ҷамъ шуда, ҳифзи як идда навъҳои ҳайвоноту набототи мувоҷеҳ бо маҳвро арзёбӣ мекунанд.
Ҳайвоноти нодири Русияро кӣ наҷот медиҳад?

2

3
Мушҳои обу хушкигарди Русия дар соҳилҳои рӯдҳои Волга, Дон ва Урал ба чамш мехӯранд, вале пашму пӯсти нодири ҳайвон боиси шикори бесару сомони ин ҳайвон ва коҳиши шумораи он гардидааст. Тахмин мешавад, ки шумораи ин навъи мушҳои Русия аз 40 ҳазор сар беш нест.

5
Леопард ё худ гурбаи ваҳшии Амур дар бахшҳои бузурги Осиё ба сар мебурд, вале имрӯз фақат дар минтақаи Примореи Русия ва вилояти Ҷилини Чин мушоҳида шудааст. Пажӯҳиши соли 2007-ум собит намуд, ки дар озодӣ ҳамагӣ 30 сар гурбаи ваҳшии Амур боқӣ мондааст.

8
Бузи кӯҳии маъруф бо номи Сайгак замоне дар саросари Аврупову Осиё сайр мекард, вале ҳоло фақат дар манотиқи марзии миёни Русияву Қазоқистон ба сар мебарад. Тибқи омори ҳомиёни ҳайвонот феълан дар дашту биёбонҳои ваҳшӣ фақат 150 ҳазор Сайгак боқӣ мондааст.