Эрон: Баъзе аз занону духтарон ҳиҷобу рӯсарии худро гирифтаанд
Дар пайи эътирози идомадор дар Эрон, дар кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон занону духтарони бештар бидуни рӯсарӣ ва ҳиҷоб ба чашм мерасанд. Қонун дар бораи доштани ҳиҷоб дар ин кишвар бекор нашудааст

5
4-уми декабр, Теҳрон. Дар пайи эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон зоҳиран мақомоти ин кишвар ақибнишинӣ карда, кори полиси ахлоқро камранг кардаанд. То рафт шумори занҳои бештаре дар кӯчаву хиёбонҳо бо рӯсариҳои рамзӣ ва ё бо сари луч дида мешаванд

6
6-уми декабр, ҷуфте дар маркази Теҳрон. Дар рӯзҳои аввали декабр дар Твиттер як пора видеое нашр шуд, ки дар он ду духтари эронӣ дар маркази Теҳрон бо сари луч мегарданд. Ин навор базудӣ бознашр шуд ва баъди ин шумори бонувоне, ки бидуни ҳиҷоби исломӣ дида мешаванд, афзоиш ёфт.

7
24-уми декабр, гуфтугӯи ду зан дар боғи маркази Теҳрон. "Садои Амрико" бо такя ба гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон навишт, мақомот ходимони полиси ахлоқро аз маҳаллаҳои сарватманди Теҳрон "пок" кардааст

8
Занон дар маркази Теҳрон, 6-уми декабр. Дар бисёре аз минтақаҳои берун аз Теҳрон муқаррароти ҳатмии доштани либоси исломӣ барои занон нигоҳ дошта шудааст
Гуфтугӯ