Дар ин ҷо 10 акси беҳтарини озмун гирдоварӣ шудаанд. Дар гӯшаи поёнии тарафи рост Шумо метавонед, бо интихоби шумораи ситорачаҳо ба ҳар акс баҳои муайян диҳед. Аз ҷамъи ин раъйҳо доварон бо изофа кардани баҳои худ барандагони се ҷои аввали озмунро муайян хоҳанд кард. Раъйи Шумо бисёр муҳим аст, зеро сарнавишти ширкатдорони озмунро ҳал мекунад.
Барои беҳтарин акси озмуни "Ман дар СССР зистаам" раъй диҳед!

5
Tajikistan -- Хаткашони деҳаи мо, ноҳияи мазкур, соли 1958. - Сардабири мӯҳтарам,
ман қаблан як акс барои озмуни "Ман дар СССР зистаам" фиристода будам, онро дар сомонаи Озодӣ нашр кардед, ташаккур.
Боз 3 акси дигар пайдо кардам ва фикр мекунам, барои дарки солҳои шӯравӣ ҷолиб бошанд.
Унвони аксҳо дар бағали файлҳо навишта шудаанд. 1) Дарси таълими меҳнат дар мактаби миёнаи №70. н. Ҳисор, санаи акс 1960-62. 2) Саҳни берунии ҳамин мактаб дар ҳамон солҳо. 3) Хаткашони деҳаи мо, ноҳияи мазкур, соли 1958.
Ба корҳоятон комёбӣ мехоҳам.
Дилшод Раҳи

6
Tajikistan -- Ба озмуни "Ман дар СССР зистаам" - Москав – пойтахти СССР, 5 майи соли 1990 – Рӯзи Матбуоти шӯравӣ – соле қабл аз пошхӯрии СССР ман дар аввалин фестивали матбуотӣ (пресс-фестиваль)-и рӯзномаи «Правда», ки дар Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи СССР сурат гирифт, қатори 6 нафар журналистони Тоҷикистон ширкат доштам ва рӯзноманигорони вилояти Ленинобод (алҳол Суғд)-ро намояндагӣ кардаам. Дар ин сафар ҳамсарам Моҳинисо Иброҳимова бо ман ҳамроҳ буд. Сурат аз Маҳмудҷон ИброҳимовГузошта шуд аз ҷониби Махмудчон Иброхимов

7
Salom - Man 26-umi aprel nomai khudro bo aks firistoda budam, hanuz dar sahifai shumo nashr nashudaast, sababash chi boshad?Гузошта шуд аз ҷониби Sattor

8
Tajikistan -- Трибун - Дар албоми расмҳои тағоям нигоҳам ба як расм дӯхта шуд. Расм, ҳарчанд хеле кӯҳна буд, гӯиё ҳеч аҷобате надоштГузошта шуд аз ҷониби Сиддиқ Нилобеков