Бонки ҷаҳонӣ мехоҳад Тоҷикистон роҳи рушди иқтисодашро дигар кунад.
Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо Владимир Путин ба Санкт-Петербург сафар кард, вале бисёриҳо мегӯянд, таъқибу фишори полис онҳоро аз сафар ба Русия дилсард кардааст, наздикони боздоштшудаҳо бовар доранд, ки фарзандони онҳо дар кушторҳои Конибодом нақш надоранд ва матолиби дигар.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе Шаҳлои Абдуллоҳ ва Алишер Зарифӣ дар поёни соли 2024 аз чанд раҳгузар пурсиданд, ки аз ин сол чӣ хотира доранд?
Дар ноҳияи Фархор як марде, ки мегӯяд, барои иштирокаш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маъюб шудааст, барои гирифтани замин даъво дорад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳозиранд ба ӯ кумак кунанд, вале тақозои ӯ дигар аст.
Моёншо Назаршоев, донишманд ва сиёсатмадори тоҷик, агар умр вафо мекард, рӯзи 17-уми декабр ба синни 95 мерасид. Ӯ сӣ сол пеш дар хонааш дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Сабабгорони маргашро то ҳол пайдо накардаанд.
Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп ваъда медиҳад, ки барои хатми ҷанг дар Украина талош хоҳад варзид. Вале ба қавли ӯ дар навбати аввал бояд раҳбарони Русия ва Украина ба гузашт омода бошанд.
Дар Тоҷикистон муҳокимаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ идома дорад, соли ғаму андӯҳи наздикони маҳбусони сиёсӣ, талоши Трамп барои сулҳ дар Украина ва барномаи Тоҷикистон дар давраи раҳбарии ИДМ.
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як нишаст дар Душанбе гуфтанд, ки талош мекунанд давоми як соли роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 4 созишнома дар бахши муҳоҷират қабул шавад. Ҷузъиёти санадҳо маълум нест, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тасдиқи ин ҳуҷҷатҳо тӯл мекашад.
Соли андӯҳи оилаҳои зиндониён дар Тоҷикистон. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як идда аъзои оилаҳои сиёсатмадорон ва муҳоҷирони тоҷикистонии боздошт ва маҳкумшуда шикоят карданд, ки соли 2024-ум барояшон ғаму андӯҳи зиёд овард.
Як духтари афғонистонӣ аз ҳукумати Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардааст. Фаридаи 23-сола мегӯяд, ба далели ҳамкорияш бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон дар Афғонистон таҳти ҷустуҷӯст. Ҳомиёни ҳуқуқ аз он нигаронанд, ки ба Фарида дар ватанаш ҳукми қатл таҳдид мекунад.
Наворҳои видеие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ба баландошёнаҳои шаҳри Қазонро нишон медиҳанд. Мақомоти Тотористон гуфтанд, касе осеб надидааст. Вазорати дифои Русия гуфт, паҳподҳо аз чанд самт ҳуҷум карданд
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайиҳам дар шаҳри Конибодом, ки аҳолиро дар ҳолати тарсу нигаронӣ қарор дода буд, 4 кас дастгир шудааст.
Ёфтҳои бештар