Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Бо гузашти се рӯз аз ҳодисаи нави куштор дар шаҳри Конибодом фарзияҳои расмии мақомоти дахлдор дар бораи ин ҳодиса ва изи гумонбарон эълон нашудааст. Шаби 15 ба 16 уми декабр дар деҳаи Ҳисораки ҳамин шаҳр аз ду оила 4 нафар ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд. Я
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфтааст, ки кумакҳои кишварро ба хориҷа кам мекунад, то пули бештар барои ҳимоят аз мардуми худ пайдо шавад. Ин кор осон хоҳад буд?
18-уми декабр Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон аст. Радиои Озодӣ дар остонаи ин рӯз аз хонаводаҳои бархе муҳоҷирон дар кишвар пурсид, ки пули фиристодаи фарзандонашон дар зиндагии онҳо то куҷо муҳим аст?
Ба иттилои як манбаи огоҳ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон, тарҳи қонуни афв таҳия шуда, барои тасдиқ ба раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, тарҳи қонуни афв моҳи ноябр аз сӯи як гуруҳе таҳия шуд, ки намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳии кишвар ба он шомил буданд.
Хабарҳои рӯз
Дар таркише дар хиёбони Рязани Маскав Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия кушта шудааст. Дар ин ҳодиса, ки субҳи рӯзи 17-уми декабр дар назди манзили зисти генерал-лейтенант Кириллов, 7 километр дуртар аз Кремл рух дод, як афсари ҳамроҳаш низ ҷон бохтааст.
Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот ва ҳам сокинон гуфтанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд.
"Мо заҳролуд шудем!" Рушди соҳаи нафту газ ҳазорҳо сокини Қазоқистонро бадбахт кард. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ.
Ахбори Озодӣ
Академик Раҳим Масов агар зинда мебуд, 16 ноябр 85-сола мешуд. Ин муаррих, ки замоне осор ва кору пайкораш баҳсҳои доғро ба бор оварда буд, соли 2018 даргузашт. Пеш аз он, соли 2016, гуфта буд, ки ним миллион сомонӣ пули ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-ро барои бунёди мактаб мебахшад. Ин пул куҷо шуд?
Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, аз ҳоли хабарнигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигарон ҳастанд.
Ёфтҳои бештар