Ба иттилои як манбаи огоҳ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон, тарҳи қонуни афв таҳия шуда, барои тасдиқ ба раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, тарҳи қонуни афв моҳи ноябр аз сӯи як гуруҳе таҳия шуд, ки намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳии кишвар ба он шомил буданд.
Хабарҳои рӯз
Дар таркише дар хиёбони Рязани Маскав Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия кушта шудааст. Дар ин ҳодиса, ки субҳи рӯзи 17-уми декабр дар назди манзили зисти генерал-лейтенант Кириллов, 7 километр дуртар аз Кремл рух дод, як афсари ҳамроҳаш низ ҷон бохтааст.
Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот ва ҳам сокинон гуфтанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд.
"Мо заҳролуд шудем!" Рушди соҳаи нафту газ ҳазорҳо сокини Қазоқистонро бадбахт кард. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ.
Ахбори Озодӣ
Академик Раҳим Масов агар зинда мебуд, 16 ноябр 85-сола мешуд. Ин муаррих, ки замоне осор ва кору пайкораш баҳсҳои доғро ба бор оварда буд, соли 2018 даргузашт. Пеш аз он, соли 2016, гуфта буд, ки ним миллион сомонӣ пули ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод”-ро барои бунёди мактаб мебахшад. Ин пул куҷо шуд?
Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, аз ҳоли хабарнигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигарон ҳастанд.
Созмони Афви Байнулмилал Исроилро ба генотсид ё наслкушии фаластиниён дар Ғазза айбдор намуд. Ин созмон пас аз омӯзиши далелҳои зиёд ба чунин хулоса расидааст. Исроил иддаои наслкушӣ дар Ғаззаро қатъиян рад мекунад.
Сокини Конибодом барои куштори бародар ва янгааш 20 солро дар зиндон мегузаронад.
Президенти Қирғизистон мегӯяд, минтақаҳои баҳсноки марз бо Тоҷикистон баробар тақсим хоҳанд шуд, як сокини Конибодом барои куштори бародар ва янгааш 20 солро дар зиндон мегузаронад, ҳомиёни ҳуқуқ Исроилро бо наслкушӣ муттаҳам мекунанд ва матолиби дигар.
Таҳсили кӯдакони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, аз апрели 2025 дар Русия номумкин хоҳад шуд. Думаи давлатии Русия дар ин бора қонун қабул кард. Бархе онро эҷоди мушкили нав ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон, донистанд. Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки назари онҳо чист?
Ёфтҳои бештар