Дар ҳоле ки кору зиндагии муҳоҷирон ва оилаҳояшон дар Русия ҳар рӯз мушкилтар мегардад, як вакили рус иддао дорад, ки "мавзӯи муҳоҷирон аз хориҷа доман зада мешавад".
Модар шикоят дорад, ки писари ноболиғашро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд; вакилони Думаи Русия мегӯянд, масъалаи муҳоҷирон аз хориҷа доман зада мешавад; боздошти се шаҳрванди Узбекистон дар робита бо куштори хохоми яҳудӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва матолиби дигар.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигори тоҷик, шикоят дорад, ки нозирони милиса дар Душанбе рӯзи 20-уми ноябр ҳуқуқи писари 14-солаашро поймол кардаанд. Ба нақли ӯ, писараш “бо истифода аз зӯр дастгир ва ҷайби ӯ бе ҳузури шоҳидон кофтукоб шудааст”. Дар идораи милиса касе масъаларо шарҳ надод.
Як гурӯҳи саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба идораҳои давлатӣ шикоят намуда, собит кард ки замини онҳоро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд. Ниҳодҳои давлатӣ аз онҳо пуштибонӣ намудаанд вале баҳс то кунун ҳал нашудааст.
Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз қарори раиси ноҳия барои сохтмони бинои баландошёна изҳори норозигӣ доранд. Барои ин сохтмон, мегӯянд онҳо, бояд ҳавлию хонаашонро тарк кунанд ва дар сармо саргардон шаванд. Мақомоти маҳаллӣ тасмимро қонунӣ донистанд. Ҷонибҳо ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, бар асоси баёноти як зерҳимояаш дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" нома навишт, вале мақомот ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала, нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев раиси хадамоти амнияти ин кишварро барканор кард.
Саҳми бузурги муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон, пешниҳоди боло бурдани нархи патенти кор дар Русия ва барканории раиси хадамоти амнияти Узбекистон дар пайи як сӯиқасди ноком ба ҷони мансабдори собиқи ин кишвар.
Саҳми бузурги муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистонро набояд нодида гирифт.
Пешниҳоди боло бурдани нархи патент ва ё пулситонии иловагӣ аз муҳоҷирон дар Русия.
Мақомоти Тоҷикистон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ батакрор аз гузариш ба иқтисоди сабз ҳамчун ҳадафи кишвар дар 15-20 соли оянда хабар медиҳанд. Аммо шубҳа ба иҷрои чунин нақшаҳо зиёд аст.
Оё бо задан кӯдакро тарбия кардан мумкин аст? Шумо ҳам боре аз падар ё модар шаллоқ хӯрдаед?
Ёфтҳои бештар