Ин шумораи барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" ба баҳс миёни як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ширкати ваъдадиҳандаи кору иқомат дар мамолики Аврупо бахшида шудааст.
Нархи пасти пахта таваҷҷӯҳ ба чидани онро коҳиш додааст. Пахтапарвраон талош доранд, ки худашон то боридани барф ҳосилро ғундоранд.
Ҳушдори Бег Сабур ба ширкатҳои мобилӣ: Ё корро беҳбуд бахшед ё муҷаввизатон лағв мешавад!
Рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Деҳлӣ овозхони маъруф Файзигул Юсуфӣ даргузашт.
Эътирози гурҷиҳо бо истифода аз зӯр пароканда карда шуд, дастури хадамоти алоқа дар бораи беҳбуди хадамоти интернетӣ ва мобилӣ, беқадр шудани пахтачинӣ ва даргузашти овозхони тоҷик Файзигул Юсуфӣ дар Ҳиндустон
Сокинони Саричашма, яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, солҳо боз мунтазиранд, ки кай роҳи мошингарди онҳо бозсозӣ мешавад.
Рӯзи панҷшанбеи охири моҳи ноябр дар Амрико иди шукргузорист. Яке аз муҳимтарин ҷашнҳои хонаводагӣ дар Иёлоти Муттаҳида. Ҳикмати ҷашн ин аст, ки муҳоҷирони аввалин дар Амрико барои нону обу сарпаноҳе, ки ин сарзамин барояшон фароҳам кардааст, шукргузорӣ мекунанд.
Тахриби манзили зист дар маркази Душанбе; гирифтани изи ангушт ва акси муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои Маскав; роҳи хатарноки ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ҷашни шукргузорӣ дар ИМА.
Аз якуми декабри имсол дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва акси муҳоҷиронро хоҳанд кард. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия, Дмитрий Медведев, хабар дод. Ӯ навори ҷаласаи Шӯрои амниятро низ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" нашр кард.
Як биолог ё ҳомии муҳити зист дар Қазоқистон лашкари магасҳои сиёҳеро парвариш кардааст, ки партоб мехӯранд.
Гурӯҳе аз ронандагони "Яндекс.Такси", ки дар миёнашон муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, рӯзҳои 21 ва 22-юми ноябр дар шаҳри Маскав корпартоӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз рафтори корфармо, молиёт (андоз)-и зиёду пардохтҳои иловагӣ норозиянд.
Ёфтҳои бештар