Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар даҳ моҳи имсол 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз шаҳрҳои Русия депорт шудаанд. Ин ниҳод гуфт, ки бо аксари онҳо дар фурудгоҳҳо мулоқот карда, касбомӯзӣ ва ба шуғл фаро гирифтанро пешниҳод кардаанд.