Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд роҳҳои ҳалли мушкилоти хабарнигоронро ҷустӯҷу карданд


Дар маҳфил хабарнигорон, вакилони дифо ва фаъолони ҷомеаи маданӣ гирди ҳам омаданд.
Дар маҳфил хабарнигорон, вакилони дифо ва фаъолони ҷомеаи маданӣ гирди ҳам омаданд.

Як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки вакилони мудофеъ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро бо рӯзноманигорон наздик созад.

Ба андешаи ин созмон, дар чанд соли гузашта байни тарафҳо фосилаи зиёде ба вуҷуд омадааст ва онҳо дар баррасии мушкилоти ҷомеа ҳамкории дуруст надоранд. Барои расидан ба ҳадаф ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» дуввумин бор аст, ки рӯзноманигорону блогерҳо ва ҳуқуқшиносону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро дар шаҳри Хуҷанд гирди ҳам меорад. Ҳудуди 50 нафар дар як ҳамоиш роҳҳои баррасии мушкилоти умдаи ҷомеаро баррасӣ карданд. Ташаббускорон мегӯянд, ки дар чанд соли охир ҳамкории ҷонибҳо камранг шудааст.

Фахриддин Фузайлов, роҳбари «Ибтидо»: «Дар баъзе мавридҳо ҳамкорони мо, яъне намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳо, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон гила мекарданд, кам ҳамкорӣ мекунанд ё ки аз ҳамкорӣ кардан худдорӣ мекунанд. Ҳатто мавридҳое буд, ки бо рӯзноманигорон мусоҳиба намекарданд. Мо ба хулосае омадем, ки силсилаи вохӯриҳо ташкил кунем ва то андозае кӯшиш кунем, ки байни намояндагони касбу кори гуногун пуле созем, то онҳоро наздик созад.»

Дар Хуҷанд фаъолони шаҳрвандӣ дар бораи ҳамоҳангиву ҳамкории бештар ҳарф заданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои хабарнигорӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, ки дар минтақа дастрасӣ ба иттило агар як мушкили умда бошад, ҳамкории ками фаъолони ҷамъиятиву коршиносон аз ташкилотҳо мушкилест, ки бар он зам шудааст. Яъне барои рӯшану возеҳ тақдим кардани мавзӯву матлаб мусоҳибони мутахассис ва ё донандаи масъалаву мавзу кам шудаанд ва озодии баён ҳам зери суол рафтааст.

Фарзона Муродӣ, рӯзноманигор: «Мо дар минтақа фақат Неъматулло Мирсаидовро дорем, ки пайваста ҳамчун коршинос истифода мебарем. Чунки масалан дар сӯҳбатҳои бидуни сабт бисёре аз коршиносон иқрор мешаванд, ки баъди баёни фикр аз ҷониби баъзе ниҳодҳо фишорҳо мешавад. Ҳатто коршиносони масоили иҷтимоӣ ҳам чунин мегӯянд. Бинобар ин ман дар аксар матлабҳои таҳқиқотӣ не, ҳатто таҳлилии кӯчак ҳам барои ёфтани коршинос мушкилӣ мекашам.»


"Дар берун коршинос меҷӯем"

Алия Ҳамидулина, хабарнигории Азия Плюс: «Ман маҷбур мешавам, ки ба коршиносони Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон барои дарёфти назар муроҷиат намоям. Барои баъзе мавзӯҳо ёфтани коршинос хеле душвор шудааст. Ин ҳамоиш кӯмак мекунад, ки ҳамкориро ба роҳ монем ва бо ҳам дар баррасии мавзӯҳо кӯмак намоем. Фаъолияти мо баъдан самарабахш хоҳад шуд.»

Иштирокдорон дар ду ҳамоиш сари он баҳс доштанд, ки ҷонибҳо вазъи ҳамдигарро кам дарк мекунанд ва ин боис ба ихтилофи назар мегардаду ҳамчунин ҳамкориро камранг месозад. Ҳуқуқшиносону вакилони мудофеъ мегӯянд, ки саҳми рӯзноманигорон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум назаррас аст. Аммо баъзе омилҳо ин равандро суст кардааст.

Гулнора Аминова, вакили мудофеъ: «Ман ҳамчун адвокат пеш аз он, ки бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ кунам, пеш аз ҳама фикр мекунам, ки барои кори таъсири манфӣ дорад ё мусбат. Барои ҳамин вақте мо аз наздик шинос мешавему кор мекунем, боварии ҳамдигарро, яъне адвокатҳо ба созмонҳои ҷамъиятӣ ё рӯзноманигорон зиёдтар мекунад.»

Осими Орифпур, рӯзноманигор, блогер:«Албатта то ин вақт, ки рӯзноманигорон бо ҳуқуқшиносон якҷоя кор мекарданд. Суолашон пайдо шавад, мерафтанд, блогерон маводи ташкилотҳои ҷамъиятиро дар саҳифаҳои худ мегузоштанд. Лекин ин иқдом аз он ҷиҳат хуб аст, ки минбаъд метавонанд баъзе масъалаҳоро якҷоя ҳал кунанд, ки ин албатта ба манфиати кор аст».

Созмони ҷамъиятии «Ибтидо» се сол таъсис ёфтааст. Муттаҳидии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди пойдор, инкишофи ҳуқуқу озодиҳои ташкилотҳо ва фаъол будани ҷавонон дар қабули ҷараёни тасмимҳо аз ҳадафҳои он аст.

Баргузории чунин ҳамоишҳо дар ҳолест, ки Созмонҳои байналмилалӣ ва дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо хостаанд, ки монеи рушди озодии баён нашавад. Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён, ки Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) нашр кард, ду зина поин рафт ва дар мақоми 155-ум ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG