Ин созиш рӯзи 1-уми январ барои поён додан ба даргириҳои хунин дар минтақаи Хуррам имзо шуд.
Раҳбарони қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсии ин минтақа аз ду ҳафта пеш нишасти суннатӣ ё Луя Ҷиргаро барои поён додан ба даргириҳо баргузор карданд ва дар ниҳоят рӯзи аввали соли ҷорӣ ба созиши сулҳ расиданд.
Даври нави хушунатҳо байни шиаиён ва сунниҳо рӯзи 21-уми ноябри соли гузашта ҳангоме оғоз шуд, ки ду корвон аз шиаиён, ки бо ҳимояти пулис дар ҷода дар ҳоли ҳаракат буданд, ба камини афроди мусаллаҳ афтоданд ва 43 тан кушта шуданд, ки чаҳор тани онҳо суннӣ ва боқимонда шиа буданд.
Ин рухдод боиси даргирӣ миёни шиаиён ва сунниҳои ин минтақа шуд ва аз он замон дар маҷмуъ ҳудуди 130 нафар кушта ва беш аз 200 захмӣ шуданд.
Ду моҳ қабл ҳам чунин ҳамла сурат гирифта буд ва ҳамлаварон ба як корвони мусофирбарӣ ҳамла карданд, ки боиси кушта шудани 17 нафар шуд.
Покистон кишваре аст, ки аксарияти аҳолии он суннимазҳаб ҳастанд. Аммо шумораи зиёде аз пайравони мазҳаби шиа дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар минтақаи Хуррам дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ дар наздикии марз бо Афғонистон, шумори зиёде аз пайравони ин мазҳаб ба сар мебаранд. Дар гузашта ҳам миёни пайравони ин ду фирқа дар ин минтақа даргириҳо рух дода буд.
Молик Абдулвалӣ Хон, яке аз аъзои Лоя Ҷирга, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки раҳбарони шиа ва суннии минтақа рӯзи 1-уми январ қарордоди сулҳро имзо карданд.
Ӯ афзуд, бист раҳбари намояндаи аҳли суннат, созишномаро имзо карданд ва баъд аз имзои он аз сӯи раҳбарони қабилаӣ ва мазҳабии боқимонда, рафтуомад дар роҳҳо дигарбора оғоз хоҳад шуд ва таъмини амнияти он ба дӯши давлат хоҳад буд.
Баста шудани роҳҳо боиси камбуди маводи мавриди ниёзи аввалия, аз ҷумла, хӯрокворӣ, дору, маводи сӯхт, ҳезум ва газ барои аҳолӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки сарчашмаи даргириҳо, ихтилоф атрофи соҳибӣ кардани заминҳо миёни қабилаҳои шиа ва суннӣ будааст.
Гуфтугӯ