Як дарс, ё намуна дар дили АвруОсиё таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 шуд, ки дар занҷираи таъминоти ҷаҳонӣ бебандуборӣ ба вуҷуд овард ва ҷабҳаи наве дар набардҳои геополитикӣ боз кард.
Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Озодӣ ва модари ду фарзанд, баъд аз 9 моҳ ҳабс дар Русия дар як табодули зиндониён ба назди оилааш ба Амрико баргашт. Ӯро бо иттиҳоми дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия ба шашуним сол зиндон маҳкум карда буданд. Радиои Озодӣ ва худаш иттиҳомро беасос медонанд.
Бархурди чанд мушак ба пойгоҳи Айн-ул-Асад дар Ироқ, ба захмӣ шудани панҷ сарбози амрикоӣ анҷомидааст.
Пас аз он ки ҳазорон эътирозгар ба иқоматгоҳи расмии Шайх Ҳасина, нахуствазири Бангладеш ҳамла карданд, ӯ истеъфо дод. Шайх Ҳасина 15 соли ахир нахуствазири Бангладеш буд.
Дмитрий Патрушеви 46-сола, писари "хушбахт"-и Николай Патрушев, раҳбари пешини ФСБ ва яке аз шахсони наздик ба Владимир Путин, вориси эҳтимолии президенти Русия арзёбӣ мешавад. Падараш аз солҳои 70-ум Путинро мешиносад ва зери раҳбарии ӯ давоми 25 сол дар мансабҳои баланди давлатӣ кор кардааст.
Нашрияи амрикоии Wall Street Journal дар гузорише ба нақл аз манбаъҳои огоҳ навиштааст, ки Эрон талошҳои Амрико ва кишварҳои арабиро барои коҳиши вокуниш ба террори Исмоил Ҳания, рад кардааст.
Бо шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна, баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Канада, Бритониё ва Урдун аз шаҳрвандони худ хостаанд, ки ҳарчи зуд Лубнонро тарк кунанд.
Барномаи табодули зиндониҳо, ки 1-уми август миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ анҷом шуд, бузуртарин иваз кардани маҳбусон аз замони Ҷанги Сард ба ҳисоб меравад.
Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфтааст, ки ин гурӯҳ ба қатли як фармондеҳи баландпояш тавассути Исроил, посухи қатъӣ хоҳад дод. Мақомоти Эрон ҳам гуфтанд, ки посухи ин кишвар ба қатли Исмоил Ҳания дар Теҳрон, ҳатмӣ хоҳад буд.
Русия, Амрико ва чанд кишвари дигар баъзе аз зиндониёнро бо ҳам иваз карданд. Теъдоди умумии онҳо 24 нафар аст. Ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард рӯзи 1-уми август сурат гирифт.
Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад.
Артиши Исроил рӯзи 1-уми август тасдиқ кард, ки Муҳаммад Зайф, раҳбари шохаи низомии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар моҳи июл дар Ғазза "кушта шуд". Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ҳанӯз вокуниш накардааст.
Ёфтҳои бештар