Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад.
Артиши Исроил рӯзи 1-уми август тасдиқ кард, ки Муҳаммад Зайф, раҳбари шохаи низомии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар моҳи июл дар Ғазза "кушта шуд". Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ҳанӯз вокуниш накардааст.
Раиси дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос", Исмоил Ҳания, рӯзи 31 июл дар Эрон кушта шуд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар эъломияе гуфт, қароргоҳи Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва ӯву як муҳофизаш ҷон бохтанд. Ӯ кӣ буд?
Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, дар Теҳрон кушта шудааст.
Нерӯҳои Русия беш аз даҳ шаҳрак дар вилояти ҷанубии Херсони Украинаро ҳадаф қарор доданд ва як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрд ва ронандаи онро маҷрӯҳ кард.
Ҳазорон тазоҳургар дирӯз дар назди Конгресси Амрико ҷамъ омада ва ҳангоми суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар назди вакилони амрикоӣ эътироз карданд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз сабқати интихоботӣ берун шуд ва аз аъзои Ҳизби демократ даъват кард, ки аз номзадии муовинаш Камала Ҳаррис пуштибонӣ кунанд.
Ҷо Байден, президенти ИМА эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ нахоҳад кард.
Исроил рӯзи 20-уми июл дар посух ба ҳамлаи Ҳусиҳо ба Тел Авив ба хоки Яман ҳамла кард.
Бо афзоиши тахминҳо дар бораи интихоби дигарбораи Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Зеленский, президенти Украина мегӯяд, пирӯзии Трамп дар интихоботи моҳи ноябр барои кишвараш сахт хоҳад буд.
Бо вуҷуди нигарониҳо дар ин бора, ки бо бозгашти эҳтимолии Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба Кохи Сафед, пуштибонии Амрико аз Киев коҳиш пайдо мекунад, Олмон тасмим дорад дар соли оянда кӯмаки низомии худ ба Украинаро то нисф коҳиш диҳад.
Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд, ки мақомҳои ин кишвар дар ҳафтаҳои ахир ба маълумоте даст ёфта буданд, ки бар асоси он, Ҷумҳурии исломии Эрон нақшаи "террор"-и Доналд Трампро доштааст. Эрон ин гузоришҳоро "беасос" хондааст.
Ёфтҳои бештар