Бо шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна, баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Канада, Бритониё ва Урдун аз шаҳрвандони худ хостаанд, ки ҳарчи зуд Лубнонро тарк кунанд.
Барномаи табодули зиндониҳо, ки 1-уми август миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ анҷом шуд, бузуртарин иваз кардани маҳбусон аз замони Ҷанги Сард ба ҳисоб меравад.
Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфтааст, ки ин гурӯҳ ба қатли як фармондеҳи баландпояш тавассути Исроил, посухи қатъӣ хоҳад дод. Мақомоти Эрон ҳам гуфтанд, ки посухи ин кишвар ба қатли Исмоил Ҳания дар Теҳрон, ҳатмӣ хоҳад буд.
Русия, Амрико ва чанд кишвари дигар баъзе аз зиндониёнро бо ҳам иваз карданд. Теъдоди умумии онҳо 24 нафар аст. Ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард рӯзи 1-уми август сурат гирифт.
Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад.
Артиши Исроил рӯзи 1-уми август тасдиқ кард, ки Муҳаммад Зайф, раҳбари шохаи низомии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар моҳи июл дар Ғазза "кушта шуд". Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ҳанӯз вокуниш накардааст.
Раиси дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос", Исмоил Ҳания, рӯзи 31 июл дар Эрон кушта шуд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар эъломияе гуфт, қароргоҳи Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва ӯву як муҳофизаш ҷон бохтанд. Ӯ кӣ буд?
Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, дар Теҳрон кушта шудааст.
Нерӯҳои Русия беш аз даҳ шаҳрак дар вилояти ҷанубии Херсони Украинаро ҳадаф қарор доданд ва як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрд ва ронандаи онро маҷрӯҳ кард.
Ҳазорон тазоҳургар дирӯз дар назди Конгресси Амрико ҷамъ омада ва ҳангоми суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар назди вакилони амрикоӣ эътироз карданд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз сабқати интихоботӣ берун шуд ва аз аъзои Ҳизби демократ даъват кард, ки аз номзадии муовинаш Камала Ҳаррис пуштибонӣ кунанд.
Ҷо Байден, президенти ИМА эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ нахоҳад кард.
Ёфтҳои бештар