Кохи Сафед гуфт, аз зиндонҳои Русия ва Беларус 16 нафарро халос карданд, ки дар миёни онҳо корманди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева, рӯзномангори "The Wall Street Journal" Эван Гершкович, сарбози собиқи нерӯҳои баҳрии Амрико Пол Велан ва фаъоли мухолиф Владимир Кара-Мурза ҳастанд. Се нафар шаҳрвандии Амрикоро доранд, яке соҳиби "грин корт" аст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе дар изҳороте гуфт, инчунин, панҷ шаҳрванди Олмон ва ҳафт маҳбуси сиёсии рус аз Русия бароварда шуданд. Вай созишеро, ки боис ба озодии ин афрод гашт, "шоҳкори дипломатӣ" номид.
"Баъзе аз ин занону мардон солҳо боз ноҳаққона дар боздошт буданд. Ранҷу азобҳои тасаввурнопазир диданд. Имрӯз азоби онҳо ба охир расид," – афзуд ӯ.
Бархе аз пайвандони маҳбусоне, ки аз зиндони Русия раҳо шуданд, аз ҷумла Павел Буторин, шавҳари Алсу Қурмашева ва ду духтараш Бибӣ ва Мириам (Марям) дар нишасти хабарӣ ҳамроҳи Ҷо Байден буданд. Раиси ҷумҳури Амрико Русияро барои баргузории “муҳокимаҳои намоишӣ” танқид кард ва гуфт, ки Қурмашева, Гершкович ва Велан “бо парвандаи сохтаву бофта” ба ҷосусӣ айбдор шуданд.
Президенти Иёлоти Муттаҳида барои кумакашон дар ташкили табодул ба мақомоти Олмон, Лаҳистон (Полша), Словения, Норвегия ва Туркия изҳори сипос кард: “Ин як намунаи барҷастаи он аст, ки чаро доштани дӯстон дар ин ҷаҳон муҳим аст. Онҳое, ки метавонед эътимод кунед.”
Созмони миллии истихбороти Туркия рӯзи 1-уми август гуфт, дар мубодилаи беш аз бист нафар аз зиндонҳои ҳафт кишвар “нақши асосии миёнравӣ” бозидааст.
Олмон, Норвегия, Словения ва Лаҳистон (Полша) панҷ ва Амрико се "одам"-и Русияро аз зиндонҳои худ раҳо карданд. Аз ҷумла, Олмон сарҳанги пешини ФСБ Вадим Красиковро, ки ба гуноҳи куштани як чечен дар соли 2019 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, ба Маскав фиристод.
Сухангӯйи ҳукумати Олмон рӯзи панҷшанбе гуфт, “раҳоии қотили маҳкумшуда аслан тасмими осон набуд.” Ба гуфтаи вай, тасмими баргардондани Красиков ба Русия “масъулияти Берлин дар назди шаҳрвандони Олмон” ва “ҳамраъйӣ бо Иёлоти Муттаҳида аст”.
Хабари мубодилаи зиндониён мавриди истиқболи бисёриҳо қарор гирифт. Президент ва мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стефан Капус рӯзи 1-уми август ба ҳукумати Амрико ва ҳамаи онҳое, ки ба таври хастагинопазир барои поён додан ба рафтори ноодилонаи Русия нисбат ба Алсу Қурмашева заҳмат кашиданд, изҳори миннатдорӣ кард.
“Алсу ҳадаф қарор гирифт, зеро як рӯзноманигори амрикоӣ буд. Ӯ танҳо кӯшиш дошт, як узви оилаашро дар дохили Русия нигоҳубин кунад. Ҳеч кори бад накардааст ва қатъан сазовори рафтори беадолатона ва ҷудоии маҷбурӣ аз аъзои меҳрубони оила ва ҳамкоронаш набуд," – гуфт ӯ.
Капус илова кард, ки “раҳоии Алсу моро водор мекунад, ба озодии се хабарнигори дигари Радиои Озодӣ, ки бераҳмона дар Беларус ва Қрими ишғолшуда зиндонӣ шудаанд, азм кунем. То замоне ки ҳамаи хабарнигорони мо, ки беасос боздошт шудаанд, дар хонаи худ эмин набошанд, ором нахоҳем гирифт. Рӯзноманигорӣ ҷурм нест.”
Сенатори ҷумҳурихоҳ аз Техас Майкл МакКол гуфт, раҳоии маҳбусонро ба хушӣ пазируфт, вале аз идомаи “савдои амрикоиҳои бегуноҳ бо ҷинояткорони воқеии Русия, ки дар Иёлоти Муттаҳида ва ҷойҳои дигар нигаҳдорӣ мешаванд” нигарон аст. Ин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро танҳо ба гаравгонгирии бештар ташвиқ хоҳад кард.
Хабаргузории давлатии “ТАСС” аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, навишт, ки умедвор аст, “касоне, ки аз Русия рафтанд, дур бимонанд. Ман бовар дорам, ки ҳама душманони мо бояд берун аз кишвар бимонанд ва ҳама касоне, ки душмани мо нестанд, бояд бозгарданд. Ин дидгоҳи ман аст.”
Аз ин пеш, дар соли 2010, дар як мубодилаи зиндониён 14 нафарро раҳо карда буданд. Он вақт Иёлоти Муттаҳида 10 рус, аз ҷумла Анна Чапманро озод кард. Сергей Скрипал, афсари истихбороти низомии Русия, ки ба ҷосусӣ ба нафъи Бритониё маҳкум шудааст, дар миёни чаҳор нафаре буд, ки Маскав озод намуд.
Рӯйхати раҳошудаҳо
Русия озод кард:
Эван Гершкович
Владимир Кара-Мурза
Алсу Қурмашева
Пол Велан
Иля Яшин
Олег Орлов
Кевин Лик
Александра Скочиленко
Андрей Пивоваров
Ксения Фадеева
Демури Воронин
Патрик Шебел
Герман Мойжес
Лилия Чанишева
Вадим Останин
Беларус озод кард:
Рико Криегер
Олмон озод кард:
Вадим Красиков
Норвегия озод кард:
Михаил Микушин
Амрико озод кард:
Владислав Клюшин
Вадим Коношченок
Роман Селезнов
Словения озод кард:
Анна Дултсева
Артем Дултсев
Лаҳистон (Полша) озод кард:
Пабло Гонсалес (Павел Рубтсов)