Бар асоси пешнависи будҷаи Олмон барои соли 2025, ки хабаргузории "Рейтерз" онро дастрас кардааст, кӯмаки молии Олмон ба Украина аз ҳашт миллиард евро дар соли 2024 ба 4 миллиард евро дар соли 2025 коҳиш хоҳад ёфт.
Олмон умед дорад, ки Украина бо панҷоҳ миллиард қарзе, ки аз даромади бадастомада аз дороиҳои блокшудаи Русия насибаш мешавад, битавонад бахши калоне аз ниёзҳои низомии худро таъмин кунад. Ин қарз тавассути "Гурӯҳи 7" ба тасвиб расидааст.
Криcтиан Линднер,вазири молияи Олмон рӯзи 17 июл дар нишасти хабарӣ эълон кард, "Украина дар оянда ба кумаки пардохтҳои Аврупо ва қарзҳои "Гурӯҳи 7" аз будҷаи қобили боварӣ бархӯрдор хоҳад буд".
Вашингтон ҳам ҳоло талош дорад то будҷаи калонеро барои Украина таъмин кунад.
Бархе мақомоти кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, пардохти зуди ин қарзҳо ин эҳтимолро, ки Украина бо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед дучори камбуди будҷа шавад, коҳиш медиҳад. Сарони Иттиҳоди Аврупо то ҳудуде бо ин мавзуъ мувофиқат кардаанд.
Интихоби сенатор Ҷей Ди Вэнс ба унвони муовини Доналд Трамп дар ин ҳафта, ҳушдори бузурге ба Аврупо ба шумор меравад, зеро Вэнс ҳамеша аз мухолифони кӯмаки низомӣ ба Украина будааст.
Пас аз он, ки Трамп дар замони раёсати ҷумҳурияш гуфта буд, аз кишварҳое натавонистанд хароҷоти дифоии НАТО-ро таъмин кунанд, муҳофизат нахоҳад кард ва ҳатто Русияро тарғиб хоҳад кард, ки ба онҳо ҳамла кунад, бо интиқодҳои сахте аз сӯи мақомоти ғарбӣ рӯбарӯ шуд.
Гуфтугӯ