Даҳҳо кас аз Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"-и Исфара ва "Қизилбел"-и Бодкандро, ки беш аз се сол боз бастаанд, аз партову лой пок кардаанд.
Генерал Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд. Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми январ имзо кард.
Бег Сабур, яке аз чеҳраҳои баҳсбарангез дар ҳукумат ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз 14 соли кор дар яке аз идораҳои муҳими давлатӣ аз мақомаш сабукдӯш карда шуд.
Юсуф Раҳмони 59-сола аз мансаби додситони кулли Тоҷикистон озод шуд. Ӯ дар ин мақом даҳ сол кор кард.
Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон иддао кардааст, ки хориҷиён, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон, дар ҳамлаҳо дар ин кишвар даст доранд. Мақомоти тоҷик то кунун вокуниш нишон надодаанд.
Нахустин нишасти нозирони САҲА, ки барои мушоҳидаи ҷараёни интихоботи порлумонӣ ба Тоҷикистон омадаанд, рӯзи 22-юми январ бе баҳсу баррасии ҷиддӣ анҷом ёфт. Дар ҳоле ки намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо 60 расонаро даъват карда будаанд, ҳамагӣ чаҳор нафар ширкат карданд.
"Моро бегуноҳ донед ва озод кунед." Ин сухани охирини гумонзадҳо дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 22-юми январ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ садо додааст.
Додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст.
Як сарҳанг ё полковники собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия дар Украина меҷангид, нопадид шудааст.
Як гурӯҳ аз сокинони кӯчаи Наврӯз дар шаҳри Турсунзода аз он нигарон ҳастанд, ки мумкин аст ҳар лаҳза аз хонаҳояшон маҳрум гарданд.
Дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз порлумон хостааст, ки Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз мансаби раиси Додгоҳи олӣ бигирад.
Ёфтҳои бештар