Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беадолатӣ накунед." Баҳси гурӯҳе аз сокинон бо як соҳибкор дар Турсунзода


Мавлуда Акбарова мегӯяд, дар як ҳавлӣ дувоздаҳ кас зиндагӣ доранд
Мавлуда Акбарова мегӯяд, дар як ҳавлӣ дувоздаҳ кас зиндагӣ доранд

Як гурӯҳ аз сокинони кӯчаи Наврӯз дар шаҳри Турсунзода аз он нигарон ҳастанд, ки мумкин аст ҳар лаҳза аз хонаҳояшон маҳрум гарданд.

Соҳибкор Абдусаттор Нарзуллоев мехоҳад, дар ҷойи ҳавлии онҳо бинои баландошёна созад. Ӯ ваъда додааст, ки ба сокинон дар баландошёна хона медиҳад. Мардум мегӯянд, рафтори соҳибкор одилона нест, чун пешниҳодаш назар ба арзиши бозор кам аст.

"Мегӯяд, хонаро холӣ кунед"

Мавлуда Акбарова, сокини шаҳри Турсунзода, рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соҳибкор талош дорад, бо фиребу ваъдаи дурӯғ моро аз хонаамон берун кунад”. Баҳси ду тараф моҳҳо боз идома дорад. Ҳанӯз ба созиш нарасиданд.

“Ӯ аз ман хост, ки хонаро пурра диҳам. Гуфт, аз ошёнаи 8-ум ба ман ду хона медиҳад. Ман ҳоло 7 утоқ дорам. Ба пешниҳоди соҳибкор розӣ нестам. Ӯ мегӯяд, холӣ кунед, баромада дар ягон ҷо зиндагӣ кунед," – нақл кард Мавлуда Акбарова.

Дар манзили Мавлуда Акбарова се оила, дар умум 12 кас, зиндагӣ доранд. Онҳо мегӯянд, дар хонаҳое, ки соҳибкор ваъда кардааст, зиндагияшон душвор хоҳад шуд, зеро ҳам ҳам дар ошёнаҳои болоист ва ҳам масоҳаташ хурд.

Муҳаррама Азизова, духтари Мавлуда Акбарова, ҳамроҳи фарзандонаш дар хонаи модар аст. Ӯ мегӯяд, соҳибкор Абдусаттор Нарзуллоев ҳанӯз ширкати бинокорӣ надорад ва аз ин рӯ ба ваъдаҳои ӯ бовар карда намешавад.

“Пули хонаамонро пардозад, ҳеч кас зид нест. Ҳуҷҷат надорад, то худашро бинокор бигирад," – гуфт ӯ. Муҳаррама Азизова афзуд, манзили онҳо беш аз 300 метри мураббаъ аст, вале соҳибкор Абдусаттор Нарзуллоев омода нест дар чунин масоҳат ба онҳо манзил бидиҳад.

Видео дар инҷост:

"Мегӯяд, дар ошёнаи 8-ум хона медиҳам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Ташвиши ҳамсояҳо

Чунин ташвишро ҳамсояҳои дигари Мавлуда Акбарова низ доранд.

Аз мақомот хоҳиш мекунем, ки нисбат ба сарнавишти мо бетараф набошанд. Нисбат ба мо беадолатӣ накунанд. Агар хонаи инҳоро канданд, мо дар байн як девор дорем. Мо чӣ мешавем?” – пурсид Зайнабхон Орзуева, сокини дигари шаҳри Турсунзода.

Зайнабхон Оззуева
Зайнабхон Оззуева

Соҳибкор Абдусаттор Нарзуллоев рӯзи 17-уми январ нахост, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ видеоӣ суҳбат кунад. Ӯ танҳо санадеро нишон дод, ки дар он масъулияташ барои пешниҳоди як манзили иборат аз 50 метри муррабаъ ба Тутахон Азизова, хушдомани Мавлуда Акбарова, пешбинӣ шудааст.

Тутахон Азизоваи 85-сола даҳ сол боз бо яке аз духтаронаш дар манзили дигар зиндагӣ мекунад. Фарзандону наберагонаш, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, бар ин назаранд, ки соҳибкори биносоз мехоҳад бо осонӣ манзили онҳоро аз худ кунад.

"Нақшаи куллӣ"

Як мансабдори ҳукумати шаҳри Турсунзода бе зикри номаш гуфт, "бунёди биноҳои баландошёна бар асоси нақшаи куллӣ (генералӣ) сурат мегирад."

Ҳоло баҳс ба додгоҳ кашида шудааст ва маълум нест бо чӣ меанҷомад.

Баҳсҳои печидаи манзилро, ки дар аксар ҳолат ҳам сокинон ва ҳам соҳибкорон худро ҳақ меҳисобанд, дар Душанбеву атрофи он ва манотиқи дигари кишвар низ дидан мумкин аст.

Ҳуқуқшинос, Абдураҳмон Шарифов, дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои ҳалли чунин баҳсҳо дар баробари идораҳои давлатии нархгузор, ниҳодҳои мустақил низ бояд ташкил шаванд, то ҳимоя аз ҳаққи шаҳрвандон ба таври шаффоф сурат гирад. Феълан дар кишвар чунин идораҳои мустақили нархгузор амал намекунад.

Қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки ширкатҳои бинокор пеш аз тахриби манзил бояд соҳибмулкро дар ҷойи дигаре ҷо кунанд ё бар асоси нархгузории пешбинишуда пули хонаро пардохт кунанд. Дар сурати пайдо шудани баҳс, ҳеч ширкате бе ҳукми додгоҳ ҳаққи тахриби манзили сокинонро надоштааст.

XS
SM
MD
LG