Изҳороти ногаҳонии президент Доналд Трамп дар бораи Ғазза яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасиҳои ахир шудааст. Трамп ду рӯз пеш гуфт, пешниҳод дорад Навори Ғаззаро ИМА таҳти назорат гирифта онро барқарор кунад, вале ҳоло зердастонаш мегӯянд, чунин нақшаҳо вуҷуд надорад.
Наздикони зиндониёни кушташуда дар маҳбаси Ваҳдат мегӯянд, ҷузъиёти ошӯб ва ҳалокати онҳоро намедонанд. Мақомот ҳам ҷасадҳоро бо дасти худ ба хок супурдаанд.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
6-уми феврал Рӯзи ҷаҳонии дурӣ аз телефонӣ мобилӣ аст. Ташаббускорон дар ин рӯз аз одамон даъват мекунанд, ки дар бораи фойида ва зарарҳои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ фикр кунанд. Ҳамкорони мо аз сокинони шаҳри Бохтар пурсиданл, ки оё ҳозиранд як рӯзро бидуни телефон гузаронанд?
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард.
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз нақши Оқохони 4 пешвои исмолиёни ҷаҳон дар мавриди таҳаммулпазирии мазҳабӣ дар Тоҷикистон гуфт. Оқохони 4 рӯзи 4-уми феврал даргузашт.
Дар Амрико ин ҳафта нахустин бор як ҳавопаймои баландсуръатеро озмоиш карданд, ки аз суръати садо зудтар ҳаракат мекунад. Умедвориҳо ҳам зиёд шуд, ки шояд дар оянда аз ин тарафи дунё ба он тарафи дунё на дар 10-12 соат, балки аз 3 то 4 соат бирасем.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Баъди он ки Донлад Трамп, раисҷумҳури Амрико тасмимашро дар бораи боҷ бастани маҳсулоти воридотии Канада, Мексика ва Чин эълон дошт, қимати саҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафт.
Норӯшаниҳо ва сару садо пиромуни ҳодисаи хунин дар зиндони Ваҳдат зиёд ба назар мерасад. Камбуди маълумоти дақиқу расмӣ сабаби шубҳаву гумонҳое мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд.
Бо гузашти наздик ба як шабонарӯз аз ошӯб дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки дар пайи он шуморе аз маҳбусон куштаву нигаҳбонони зиндон захмӣ гаштаанд, мақомот ба ғайр аз як хабари кӯтоҳ, иттилои дигаре дар бораи ин ҳодиса намедиҳанд.
Ёфтҳои бештар