Дар Тоҷикистон, ки кишвари муҳоҷирфирист ба ҳисоб меравад, зоҳиран гуфтани омор дар бораи онҳо барои мақомот сахттар мешавад. Чанд сол пеш ҳукумат гуфтани ҳаҷми пулеро сирри давлатӣ номид, ки муҳоҷирон мефиристанд. Имсол кор ба ҷое расидааст, ки мехоҳанд, теъдоди худи муҳоҷирони кориро ҳам нагӯянд.