Амрико президент интихоб мекунад, садҳо муҳоҷири тоҷику узбек дар марзҳои Қазоқистон банд мондаанд, ҳаёти сокинони Кӯҳистони Мастҷоҳ ва матолиби дигар.
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон чанд рӯз ин ҷониб наметавонанд аз Қазоқистон ба ватан баргарданд.Издиҳоми муҳоҷирон бинои додгоҳи маъмурии ноҳияи Сариоғочро муҳосира кардаанд.
Назархоҳиҳои пешазинтихоботӣ номзади пешдастро муайян накардаанд ва ба қавли коршиносон имконияти пирӯзии номзадҳо: президенти собиқи ИМА Доналд Трамп ва ноиб-президент Камала Ҳаррис тақрибан баробаранд.
Кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд: "Замину об ва заҳматамон моро аз мардикориву ғарибӣ раҳо кардааст".
Аз таъсиси театри аввалин дар Тоҷикистон 7 ноябр 95 сол сипарӣ мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз роҳгузарон пурсиданд, ки беҳтарин намоишномаи театрие, ки дидаед кадом аст?
Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик тирамоҳи имсол ба синни 60 расид. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба муносибати мавлудаш бо Фарзона доири рисолати эҷодкорӣ ва печутобҳои рӯзгораш суҳбат кард. Сароғоз аз ӯ пурсидем, ки ин шасти камолот то куҷо ба ӯ камол бахшид?
Ахбори Озодӣ
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баҳсу даъвои ду хонавода сари даҳҳо ҳектар замини чарогоҳ идома дорад. Яке мегӯяд, замин аз ман аст, дигарӣ мегӯяд, ки чарогоҳ бар тибқи санадҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ дорад.
Ҳаррис ё Трамп? Раъйдиҳандагони Амрико президент интихоб мекунанд.
Муҳокимаи чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон оғоз шудааст ё не?
Қаҳрамони шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"толибилми соҳаи тиб Миҷгона Ҷаббороваи 25-сола аст, ки дар бораи кору ҳаёташ дар Олмон қисса мекунад,
Ёфтҳои бештар