Аз расмҳои номақбуле, ки дар Тоҷикистон ривоҷ гирифта, истиқбол аз мансабдорон ё шахсони сарватманду қудратманд бо гулу гулдаста ва ё бо нону намак аст. Ин расм дар замони шӯравӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешуд, аммо ба назар мерасад дар даврони беш аз сисолаи истиқлоли кишвар ба ҳадди ифрот расидааст.