Чанд рӯз пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус ва оғози эътирозҳо аз шеваи баргузорӣ ва шумориши оро, "Блогистон" бо нашри матлаби сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дари баҳсеро боз кард, то дар он соҳибназарон андешаи худро ба падидаҳои ахири Беларус баён доранд.