Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳар хабари мусбаташ ҳам ба думбол паёми хос дорад. Президент Раҳмон паём дод, ки соли 2017-ро "Соли ҷавонон" эълон мекунад. Онро ҷиддӣ нагирифтанд. Ҳадс зада шуд, ки мисли солҳои дигар, ки чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳатман ягон унвон доранду иқдоми ҷиддие барои масоили мавҷуда сурат намегирад, соли ҷавонон ҳам "барои зебаш" хоҳад буд.