Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳеҷ гоҳ узрхоҳӣ намекунад, чунки дар асл аз он қабил инсонҳо нест. Оё дубора дар канори Русия ва Исроил қарор мегирад? Ҳеҷ гоҳ.
Дар вилояти Пскови Русия баъди 70 сол ҷасади сарбози тоҷик Турдиназар Тағоев, як зодаи ноҳияи Кӯктош ошкор ва шиносоӣ шуд. Интизор меравад, ки ҷасади ӯ ба Тоҷикистон барои хоксупорӣ интиқол меёбад.
Имрӯз, 21 март, ёдбуди Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос ва ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик аст.
Афзоиши теъдоди фориғуттаҳсилони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон то ҳадде боло рафтааст, ки барои як ҷойи корӣ дар созмонҳои хориҷӣ ҳатто то 150 нафар довталаб рост меояд.
Хабарнигори тоҷик Ёқуби Саид ба таври тасодуфӣ шоҳиди гуфтугӯи як ҷуфти ҷавон дар бораи "баҳохарӣ" дар интиҳонот шуд ва онро рӯи қоғаз овард, ки инҷо бидуни таҳрир нашр мешавад.
Як ҷавон бо номи Маъруфи Абдулазиз аз тарафи гурӯҳе аз ҷавонон ба Радиои Озодӣ нома ирсол карда, аз шаҳрдори Душанбе тақозо кардааст, ки роҳҳои пойтахт барои дучархарони мувофиқ карда шаванд. Матни ин нома айнан инҷо нашр мешавад.
Як муаррих ва фаъоли ҷамъиятии рус аз матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунад, ки қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро фаромӯш накунанд.
Ҳасан Ҷумъаев, наққошу кандакори тоҷик, ки бо даъвати шахсии Оқохони 4 ба Канада рафтааст, мегӯяд, ки аз сӯи Кэтлин Уинн - нахуствазири Онтарио даъвати расмии дар он ҷо мондану кор карданро гирифтааст.
Филмсоз, халабон ва ходими полис – гаравгонҳоеанд, ки аз ҷониби режими беномус рабуда шудаанд.
Сарраёсати нерӯҳои маркзабонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи даъвои падари сарбоз Нуралӣ Ҳайдаров ҷасади ӯро аз қабр берун оварда, ташхис кардаанд.
Модари толибаи синфи 9, ки аз тарси беобрӯӣ худкушӣ карда буд, маҳкум шудани ҷавонеро мехоҳед, ки ба номуси духтараш расидааст.
Ин роман зиндагии се насли занони тоҷик - шурӯъ аз даврони раҳбарии Сталин то замони бозсозӣ ва баъд аз фурӯпошии Шӯравиро дар бар мегирад.
Ёфтҳои бештар