Гулрафтор Норова, модари Фирӯза Норова, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки навори латукӯби кӯдакаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба миён овард, сабаби ин рафтори духтарашро шарҳ дод. Ӯ рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш, Фирӯза Норова, "дар ҳолати афсурдагии рӯҳӣ" даст ба ин кор задааст.
"Шавҳараш дар Русия бо занони бегона рақсу бозӣ ва корҳои бемаънӣ карда, видеояшро ба духтари ман фиристодааст. Духтари ман ҳам зиндагӣ дорад, се кӯдак дорад. Ба ҷойи он занҳоро хӯрондан ба кӯдаконаш пул фиристад, намешавад?" – изҳор дошт Гулрафтор Норова.
Фирӯза Норова ҳамроҳи се фарзанди худ дар хонаи волидон зиндагӣ мекунад. Модараш, Гулрафтор Норова, гуфт, духтару домодаш пеш аз ҷудо шудан низ дар хонаи онҳо мезистанд ва се набераро худаш бузург кардааст.
"Чӣ кунам ва ба куҷо муроҷиат кунам, ки ҳамин кӯдакҳоро аз ман нагиранд?! Инҳоро худам калон кардаам. Домодам видеоро паҳн карда, овоза кардааст. Хайр, модар аст, ҳақ дорад, ки баъзан кӯдакро бизанад. Боз пушташонро ҳам мегирад. Худам низ модарам ва вақте фарзандам гуноҳ кард, мезанам ва мегӯям, ки чаро гуноҳ кардӣ ё куҷо рафтӣ?" – илова кард ӯ.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо шавҳари Фирӯза Норова то замони нашри матлаб бенатиҷа буданд.
Дар идораи корҳои дохилӣ дар ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 21-уми феврал тасдиқ карданд, ки Фирӯза Норова барои рафтораш бозпурсӣ шудааст ва гуфтанд, ки додситонӣ тасмим хоҳад гирифт, ки алайҳи ӯ парванда боз шавад, ё не.
Худи Фирӯза Норова рӯзи 24-уми феврал дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар ҳоли ҳозир мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Ҷузъиёт надод.
Латукӯби кӯдакон бо ҳадафи гирифтани қасос дар рӯбарӯи дурбин ва нашри ин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақтҳои охир зиёд шудааст.
Дар охири соли гузашта мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон Ойнагул Ҷонмирзоеваи 54-соларо барои “азобу шиканҷа ва латукӯби набераҳояш" боздошт карданд. Он замон гуфта шуд, ки "саҳнаи задани кӯдакон махсус барои модари онҳо ташкил ва сабт шуда буд".
Чунин ҳодисаҳоро равоншинос Умед Ҳомидов ба тарзи зӯргӯёнаи тарбия дар оила ва абзори фишор қарор ёфтани фарзандон вобаста медонад, ки ба гуфтааш, "дар зершуури кӯдакон уқдаи худкамбиниро ба вуҷуд меорад".
“Инсоне, ки комплекси нокомилӣ дорад, вай хоҳед ё нахоҳед, ранҷи бисёр мебинад. Вақте мағлубият эҳсос кард, умуман ягон чизро аз даст дод, бисёр дардовар қабул мекунад ва ба хотири он ки ҳамин дарду алами равонии вай ба ӯ осеби бештару бештар нарасонад, мехоҳад, амали дифоӣ анҷом диҳад. Мехоҳад, худро аз ҳамин ҳолат дифоъ кунад," - гуфт Ҳомидов.
Порлумони Тоҷикистон дар тобистони соли 2024 қонунро дар бораи масъулияти таълиму тарбияи кӯдак ислоҳ кард. Банди 16-и ин қонун падару модаронро вазифадор кардааст, ки дар парвариши кӯдак аз зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмонӣ истифода набаранд, “ба муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ роҳ надиҳанд, шаъну шарафи кӯдакро паст назананд."
"Ҳар касе, ки кӯдакро ҳатто бо ҳадафи тарбия мушту лагад мезанад, ҷазо мегирад,” – гуфта шудааст дар қонуни мазкур.
Шумори дақиқи волидоне, ки барои ин амали худ ҷазо гирифтаанд, маълум нест, аммо ду сол пеш мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки 50 падару модарро барои ҷабр ба фарзандон боздошт карданд. Иддае зиндонӣ ва гурӯҳи дигар ба супурдани ҷарима вазифадор шуданд.
Видеоро дар инҷо бинед: